МИРЗО БАЧАИ САЛИМ, АЗ ХУДО ШАРМ ДОР!

 

Махсус барои ту - Мирзои бачаи Салим менависам.

Камина як нафар нафақагирам. Ба синни 73-солагӣ расидаам. Чанд набера ҳам дорам. Ба наздиконам, бо аҳли байтам, бо наберагони ширинам дар сарзамини Тоҷикистони ҷононам, ки соҳиби истиқлолияти Худодод ҳастам, дар якҷоягӣ бо миллатам хушбахтона умр ба сар мебарам. Воқеан ҳам чунин хушбахтиро, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафоҳои зиёд кашидааст, надида буд. Ва ин хушбахтиро бе ягон тамаллуқ барои ту барин тоҷики чашми ақлат кӯр буда (агар тоҷик бошӣ) мегӯям, ки Худованди бузург ба ману миллати ман додааст, бидон ки тавассути сарвари хирадманду хирадандешаи миллат, пешвои муаззами миллатам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додааст. Ту журналисти бегонапарасту аз худу аз миллатат ноогоҳ бидон, ки қудрату тавоноӣ ва иқболи давлатдориро Худо ба ҳар кас насиб намегардонад, ба Президенти азизи мо насиб гардонд.

Ба ту беақли кӯрдил мерасонам, ки як марди сиёсатпешаи бегона-Президенти кишвари Сенегал Абдулло Води ба ҳаёти мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ошноӣ пайдо карда гуфтааст: “Тоҷикон халқи хушбахтанд, зеро Парвардигор ба онҳо чунин марди оқилу дурандеш, миллатдӯстро дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвар ва пуштибон ба онҳо додааст. Таҷрибаи сулҳофаринии ӯ дар таърихи инсоният нодир аст”. Дигар чиза ба саҳми ту кундапихи валадизино мерасонам: Оятулло Ҳумаюнӣ дар кишвари Эрон ба сари қудрат омад. Аз рӯзи аввал тавассути расонаҳои хабарӣ эълон дод, ки ҳар кас дар сафи мо нест, иҷозат аз кишвар баромада равад. Шояд теъдоди аз мулки Эрон баромада рафтаҳо чанд миллионро ташкил кунанд. Дар тӯли ҳамин қадар солҳо як Эронӣ аз миллаташ, аз Ҳумоюнию дигар сарварони ин кишвар бадгӯӣ, таҳқиру ҳақорат накардаанд, ки ту барин бепадару бетарбияҳо кардеду карда истодаед.

Дар ҳақиқат фаҳшу ҳақорат сиёсати шумоён-палидон будааст. Камбудӣ мекобед, дурӯғ бофта сиёҳ мекунед.

Як ба Амрикои абарқудрат нигоҳ кунед. Вай тавонотарин, демократитарин давлати дунёст. Диди, ки дар пеши қудрати халқҳои кишвараш ба зону зад. Ҳол он, ки соҳибистиқлолии давлати моро 30 сол мешавад. агар гӯям, ки мо тӯли ин 30 сол таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бо суръати кайҳонӣ пеш рафтем, хато намекунам. Инро ту беақл дида наметавонӣ. Ҳайронам, ки тую ту баринҳоятон аз ин пешрафти миллату давлати мо тоҷикон инқадар талхакафед.

Кӣ ҳастед?!

Ё ҳаромзодаи миллатед ва ё пасмондаи турку муӯулед?!

Ту Мирзои бачаи Салим, агар мисли дигарон бо дилу нияти нияти пок барои ин ватан хизмат мекардӣ, имрӯз дар байни миллатат, бо хешону ақрабоён бо наздиконатон аҷаб хушбахт будӣ, лекин аз беақлият войи ту кавдаан.

Сухани як инсони бузургро ба сари бемағзи ту мерасонам: “Гуфтаанд, ки фитнаи рӯзгор аз се тоифаи одамон падид ояд: аз хабарҷӯӣ (яъне аз ту баринҳо), аз хабаргӯӣ (яъне аз ту баринҳо) ва аз хабарпазир (яъне ту барин палидҳо)”. Аз хуни 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ссер нашудед, ки шабу рӯз пасотона даронда ташвиқ доред, ҷавонони Тоҷикистон аз қафои ту баринҳо боз ба ҷанг бархезанд, хун резанду қурбон шаванд. Барои чӣ?! Хуб медонед, ки касе бо шумоён-ханносҳои сиёҳкор нахоҳад рафт.

Миллату давлате, ки тую ту баринҳо ҳамроҳи наҳзатиҳоятон ба хоки сиёҳ барбодаш доданӣ будед, бо бақои ҷони азизамон барқарораш кардем. Аз он ки мирӯз проблемаи барқ, роҳҳо, Роғун, иқтисодиёт ва саноаткунонии кишварро ҳал намудем, дар пӯстини ту барин ва дигар беҳаёҳои дигаратон кайк даромадааст. Дар урфияти мардумамон як гапи хуб аст: “Аз ак-аки саги кӯча, ризқи гадо намешавад.”

Шумоён душманони миллат ҳамон сагҳои кӯчаро мемонед, ки ба ҷуз ак-аки сагонаатон дигар ҳунаре надоред. Охир чи расад неши пашшаро аз хояи фил!

Акнун, Мирзои бачаи Салим, бубин, ки ин абармарди дину дунявият-Мавлонои балхӣ чӣ мефармояд:

Биё то қадри ҳамдигар бидонем,

ки ту ба қадри миллатат нарасидӣ;

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем,

ки ту аз ҳама мондаю аз ватан ронда шудаӣ;

Каримон ҷон фидои дӯст карданд,

ки ту ҳаргиз ба хоки пойи каримон намеарзӣ;

Сагӣ бигзор, ки мо ҳам одамонем.

Воқеан ҳам феъли сагро доштаӣ, вақто ки ҳаққи худиро пос дошта наметавонӣ.

Дар ҳақиқат намедонистаӣ ту палидак, ки

Ҳарфи бадро бар лаб овардан хатост,

Кофару муъмин ҳама халқи худост.

Гумон мекунам, беҳтари гапҳоро барои ту гуфтам, Мирзо, ки падарат ин гуна насиҳатат накарда буд.

 

А.Маҷидзода

Ҳеҷ овозе нест