САЪЙИ ТАБИБОНИ ФАРХОР

 

Дар ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали баќайдгирии пайдоиши коронавируси навъи COVID-19, ки аввалҳои моҳи май оғоз гардида буд аллакай 2 моҳ гузашт.

Дар ин 2 моҳ аз ин беморӣ дар байни сокинони ноҳияи Фархор то имрўз 134 нафар гумонбар ба сирояти ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 8 нафарашон фавтидаанд ва 121 нафари дигар баъди муолиҷа ва бистарии мӯҳлатнок шифо ёфта, ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд. Инчунин, ба ҳолати 30 июни соли равон 1 нафар бо ҳолати вазнини миёна дар шуъбаи касалиҳои сироятии Беморхонаи марказӣ бистарӣ карда шуда, зери назорати доимии табибон қарор дода шудааст. Тибқи маълумотҳои сардухтурон  боз 8 нафари дигар бо тарзи амбулаторӣ дар хонаҳояшон ва дар зери назорати табибони КАТС-и ноҳия қарор доранд. Ба гуфти табибон вазъи беморони таҳти назорат қарор гирифта муддати 14 рӯз давом мекунад ва ҳолаташон вазнин нест. Яъне онҳо таҳти карантин қарор доранд.

Аз аввали бақайдгирии сироятёфтагон аз вируси мазкур дар ноҳия 153 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 104 нафар мард, 49 нафар зан ва 11 нафар кӯдакони то синни 14 сола мебошанд. Инчунин, аз шумораии умумии сироятёфтагон 43 нафар фавтидаанд, ки аз инҳо 33 нафар мард ва 10 нафар зан мебошанд.

 

Аз дафтари матбуоти раиси ноҳия

Ҳеҷ овозе нест