Шанбегии умуминоҳиявӣ

Бо ибиткори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ва дар ин замина баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии сокинони ноҳия қарори раиси ноҳия аз 30 июли соли 2018, №337 ба имзо расид.

20180811_082604.jpgДар ин замина бо мақсади иҷрои банди 3-юми нақшаи чорабиниҳои қарори мазкур минбаъд ҳар рӯзи шанбе шанбегиҳо бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Саннаи 11 августи соли ҷорӣ бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо дар маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Фархор, боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия, дар маҳаллаҳои аҳолинишини деҳаҳои ҷамаотҳои деҳоти ноҳия сокинони ноҳия ба ҳашари умуминоҳиявӣ баромада, барои тоза кардани шоҳроҳо, гирду атрофи деҳаҳо аз растаниҳои худрӯй, сафед кардани дарахтон, хонаҳои истиқоматӣ, тоза кардани новаҳои бетонӣ ва ҷуйборҳои сарироҳӣ саҳми худро гузоштанд.

Ҳеҷ овозе нест