ТЭТ ҲНИ – ҲИЗБИ НАЙРАНГБОЗ

 

Оқибатҳои сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли фаъолияти ҳизби сиёсӣ-динии наҳзати исломӣ дар солҳои 90-уми садаи ХХ баръало мушоҳида мекунем, ки ҳанӯз аз хотираи мардум шуста нашудааст. Оқибатҳои харобиовари фаъолияти сиёсӣ-динии ҲНИ ҳанӯз бартараф нагардидаанд. Ҳодисае, ки шаби 4 сентябри соли 2015 ба амал омад, ҳеҷ фарди миллатдӯсту ватанхоҳ ва инсонгароро бетараф монда наметавонад. Ин ҳодиса бори дигар ба мардуми дар тӯли таърих аз дасти ба ном “ҳомиён”-и дини ислому мусулмонон азияткашидаи тоҷик нишон дод, ки пайванди дину сиёсат ба ин миллати фарҳангсози ситамдида ҳамеша бо оқибатҳои сангин анҷом ёфтааст.

Барои давлатҳои қудратталаб маҳз низомҳои исломие мувофиқ аст, ки дар он ҷо сатҳи баланди диндорӣ ва таассуби динию мазҳабӣ вуҷуд дошта бошанд ва барои паҳншавии ақидаҳои динӣ-ифротӣ замина муҳайё созанд. Аз ин нигоҳ, онҳо ба ҳар амали давлатҳои дунявии рушдкунанда, ки аз паҳншавии экстремизми динӣ пешгирӣ мекунанд нороҳат мешаванд ва ин амалҳои қонунӣ ва муътадилсозандаро ба ҳар восита ҳамчун маҳдудкунии озодии динӣ эълон дошта, бо ин усул мехоҳанд ба ривоҷу паҳншавии ақидаҳои динию ифротӣ роҳ кушоянд ва аз ин ҳолат барои барангехтани низоъҳои сиёсӣ-мазҳабӣ ва амалисозии ҳадафҳои геополитикӣ сӯистифода намоянд.

Хулоса, ҲНИ мисли аксарияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисуннатии диниву сиёсӣ ба бозичаи дасти давлатҳои қудратманд, ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геостратегии онҳо дар кишварҳои мусалмоннишин табдил ёфта, қисме аз ин ҳизбу ҳаракатҳоро ҳамин давлатҳои тавоно бо дасти худи мусулмонон таъсис дода, аз онҳо барои ба вуҷуд овардани нуктаҳои низоъ дар байни мусулмонон ва сипас дахолат кардан ба ҳалли онҳо ва аз ин роҳ ҳифз намудани манофеи геостратегии худ истифода мебаранд. Бинобар ин ҲНИ аз рӯи табиати худ хусусияти миллӣ надошта, сирф хусусияти исломи сиёсиро дорост, ки имрӯз чунин созмонҳо ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳони ислом табдил ёфтаанд. Намунаҳои онро чанд даҳсолаи охир дар ҳаводиси сиёсии олами ислом мушоҳида мекунем.

Бойматзода А, минбари омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест