Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва такмили маҳорати касбӣ

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбиёни ноҳияи Фархор бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу оммавигардонии фарҳанги миллӣ, такмили маҳорати касбӣ ва ҳавасмандгардонии бонувони ҳунарманд озмуни «Хӯриши беҳтарин»-ро байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузарониданд, ки дар он зиёда аз 40 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо беҳтарин хӯришҳои тайёрнамудаашон иштирок доштанд.

Баъди санҷиши ҳакамон ҷойи якум насиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён», ҷойи дуюм насиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази саломатӣ» ва ҷойи сеюм насиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» гардида, ғолибони озмуни номбурда бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Миёна: 6 (3 votes)