Терроризми динию мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгароист

Санаи 10-августи соли ҷорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Камунадеҳа» хониши сиёсӣ доир намуданд.

Дар ин мулоқот муовини раиси ноҳия Бобохонзода Рустам, раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Назаров Алиҷон дар назди ҳозирин баромад намуда, вобаста ба мавзӯҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз он ҷумла, оиди пешгирии гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои терористӣ-экстримистӣ, мубориза бар зидди нашъамандию нашъаҷалобӣ ибрози ақида намуд.

Зимни мулоқот қайд намуданд, ки солҳои охир дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пасошӯравӣ ва арабӣ воқеият собит намуд, ки маҳз ҷавонон гурӯҳи осебпазири ҷомеа мебошанд. Ҳама гуна тазоҳурот ва паҳн намудани идеологияву ақидаҳои гуногун аз тарафи гурӯҳои терористию ифротгарои мазҳаби маҳз ба воситаи ҷавонон тарҳрезӣ мешавад.

Терроризми динию мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгароист. Бунёдгаро ба он эътиқод дорад, ки ҳақиқати маҳзро танҳо вай медонад ва дигарон ботилу гумроҳ ва ноҳақанд. Дарку бардошти бунёдгароён аз воқеият сатҳӣ ва нодуруст мебошад. Шарт аст донем, ки шахси худкуш то кадом андоза аз масъалаҳои динӣ, ахлоқӣ, ҳақиқат, фазилат ва мақоми шоистаи инсон, аз тақво ва парҳезкорӣ, аз ҳадафи зиндагию маъною мафҳуми диндорӣ ва он чӣ марбут ба инсону инсоният асту боиси боздорандагии ҷурму ҷиноят мешавад, огоҳӣ дорад.        

Онҳое ки огоҳӣ ва иттилоъ аз дин ва инсоният надоранд, фавқулода хатарноканд ва амалеро анҷом медиҳанд, ки ба ҷойи фоида ба ҷомеа зарар мерасонад.

Дар охир муовини раиси ноҳия Бобохонзода Рустам, ҳамаро хушомадед намуда чорабиниро пӯшида гуфта эълон намуд.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноиҳияи Фархор                                                                                                                                 

Ҳеҷ овозе нест