САФСАТАҲОИ КАБИРӢ

kabbirriya 4_8.jpg

Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, даъват аз он дорад, ки  инқилоби ваъданамудаашон наздик аст.  Ин қавми беватан бо чунин ғаразҳои нопокашон мехоҳанд, ки аҳолии кишварро гумроҳ намуда андешаҳои нохалафонаашонро пахш намоянд.

Кабирӣ зери мафҳуми инқилоб чиро дар назар дорад ва боз кадом дасисаҳои бардурўғи худро ба ҳаммаслакон ва тарафдоронаш пешниҳод карданист? Мардуми шарифи Тоҷикистон ба сухану маслиҳатҳои хоинони миллат ягон эҳтиёҷ надорад.

Ба даъвоҳои беасоси Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ гуфтанием, ки Тоҷикистон воқеан ба як кишвари пешрафтаи иқтисодӣ мубаддал гаштааст ва аз ин дида боз ҳам устувортару амнтар мегардад. Пас, агар Шумо-наҳзатиҳо, тарафдори ҳамин халқ ва ҳамин давлат бошед, бояд барои рушди ҷомеа саҳмгузор бошед. Барномаҳое пешниҳод намоед, ки мардум аз он баҳра барад ва сатҳи зиндагиаш хуб шавад. На ин ки ранги инқилобхоҳиву майдоннишинӣ. Дар ин қадар солҳои фаъолиятатон дар ҳизбби наҳзати исломӣ, ки аз он ҳизб ва дини мубин истифода бурдед, чи навигарию пешравӣ барои мардум кардед?! Ғайр аз хиёнату иғво коре аз шумо боқӣ намондааст.

Муҳиддин Кабирӣ бояд дар хотир дошта бошад, ки шахсоне, ки ин қадар озодиву ободӣ, сулҳи пойдор, наҷоти давлату миллати тоҷик аз вартаи несту нобудшавӣ ва садҳо ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллатро мисол оварем ва онҳо бемислу монанд мебошанд нодида мегиранд хоинони ашаддии миллату давлат мебошанд ва нисбаташон ҷазоҳои сахтаринро истифода намудани давлат ба мақсад мувофиқ мебошад.

Миллати бонангу бофарҳанги тоҷик роҳбари сулҳпарвару миллатдўсти худро дорад, ки ин шахсияти бузургро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва ба пуррагӣ эътироф менамоянд.

Т.Вадудов, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест