САДДА ИДИ ДЕҲҚОН АСТ

 

Дар ноҳияи Фархор тибқи дастури раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон рӯзи якшанбеи санаи 24-01-2021 дар маркази Боғи фарҳангию фароғатӣ Иди Садда ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҷашн аз тамоми ҷамоатҳои ноҳия маҳсулотҳои кишоварзии худро ба намоиш гузоштанд. Инчунин ҳунарҳои мардумӣ ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз пешниҳод карда шуд. Дар ин рӯзи ҷашн муовини якуми раиси ноҳия муҳтарам Вализода Н ба мардуми ноҳия ин иди бошукӯҳро табрику таҳният гуфт. Дар охир аз тарафи кормандони Қасри фарҳанги ноҳия сурӯдҳои диловез ба мардум пешниҳод карда шуд.

DSC08776.JPG

DSC08787.JPG

 

Ҳеҷ овозе нест