Таҷлили «Рӯзи варзишгарон» дар Фархор

Бо мақсади дар сатҳи баланди идона таҷлил намудани «Рӯзи варзишгарон» ба таҳқими тарзи ҳаёти солим ва рушду оммавияти варзиш ҳамчун қосиди сулҳу дӯстӣ ва ҷалби бештари ҷомеаи кишвар ба солимӣ ва бардамӣ, санаи 10-уми августи соли равон, дар ноҳияи Фархор мусобиқаҳои футбол, волейбол ва варзиши сабук байни наврасону ҷавонон, дар варзишгоҳи марказии ноҳия ва инчунин дар маркази фарҳангии ҷавонон сӯҳбату мулоқот бо иштироки варзишгарон ва собиқадорони соҳаи варзиш дар заминаи музаффариятҳои соҳаи варзиш, ба роҳ монда шуд.

zzzz.jpg

   Дар ин чорабинӣ муовини раиси ноҳия, Бобохонзода Рустам иштирок намуда, ҳамаи ҳозиринро бахшида ба Рӯзи варзишгарон табрик намуданд.

  Дар қисмати охири чорабинӣ тантанаи супурдани тӯҳфаҳо ба як чанд нафар собиқадорон ва варзишгарон зери қарсакҳои ҳозирин супурда шуд.

zzzzz2.jpg
Ҳеҷ овозе нест