ИЗҲОРОТИ БЕАСОСИ КАБИРӢ

То 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзҳо ва моҳҳои бошумор мондааст, ки ба ин мақсад мардуми кишвар бо як душвориҳои машақат ва талошҳои сиёсӣ ба ин давра омада расида истодааст.

Лекин, ҳастан нафароне, ки мехоҳанд бо мақсади дар сатҳи аёни давра байни мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳон номи худро инъикос карда бо изҳоротҳои бардурўғонаашон ба худ ҷалб кардан мехоҳанд. Яке аз ин шахсиятҳо ин Муҳаммад Кабирӣ мебошад.

Тавре аз расонаҳои расмӣ маълум мегардад нисбати корҳои ношоистона ва бардурўғи Кабирӣ то ҳатто дар арсаи ҷаҳонӣ ташкилотҳои сиёсии ҷаҳонӣ низ аз фаъолияти Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ ва ташкилоти аз навшудаи «Паймони миллӣ»ро норозигии хешро баён намуда аз он даст кашида истодаанд.

Паймони миллӣ мехоҳад истифода аз манфиатҳои ташкилотҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба сари ҳокимияти кишвар омада ҳолати оромиро ба ҳолати норомию вайронкориҳою харобиҳо оварад, ки тасдиқунандаи он ин ҷанги шаҳрвандии тоҷикон буд.

Мутаассифона ҳастан нафарон ва роҳбарони ташкилотҳои сиёсии ҷаҳонӣ, ки ба ҳамаи рафтори нокирдорони М.Кабириро ба назар гирифта мехоҳанд ҳолати сиёсии Тоҷикистонро ноором кунанд. Аммо тири онҳо ҳама вақт хок мехурад.

Вобаста ба ин мо зиёиён набояд гузорем, ки чунин шахсиятҳои бадкирдор ба сари ҳокимият оянд ва мардумро ба роҳҳои бад равона созанд.

Дар баробари ин мо бояд пеш аз ҳама ҷавононро дар руҳияи ватандўстиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем, ки то ки онҳо ба ҳаргуна ташкилотҳои террористию экстремистӣ даст назананд.

 

Орипов А, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест