ҲИФЗИ ҶОМЕА АЗ ФИТНАИ ИФРОТИЁН

Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ пур аз фитнаву дасиса ва бозиҳои сиёсӣ гардида, ин раванд дар пайи худ кишварҳои орому осоишаро низ бетаъсир нахоҳад гузошт. Ҳамарӯза тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои тундраву зидди давлатӣ бархе аз ҷавонону сокинони гумроҳшударо бо ҳар роҳу восита бадоми худ шомил менамоянд. Ҷавонони гумроҳ бехабар аз ҳадафҳои нопокиин гурӯҳҳои ифротӣ, ҳаёти ширину умри қиммати хешро дар хатар мегузоранд.

Боиси таассуф ва нигаронии зиёд аст, ки рӯз то рӯз сафи чунин гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ аз ҳисоби ҷавонон зиёд гашта истодааст, ки барои ҷомеаи ҷаҳон ва тамоми кишварҳо хатарфизо мебошад. Аксаран шомилшавии ҷавонон тариқи сомонаҳои интернетию шабакаҳои иҷтимоӣсурат гирифта, ин зуҳуроти номатлуби аср домани худро паҳн намудаистодааст. Бисёре аз ҷавонони гумроҳгашта қурбони терроризму ифротгароӣ дар ин ё он минтақа гашта, падару модари хешро мотамзада намуда, номи миллати хешро дар арсаи байналмилалӣ доғдор месозанд. Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуби замони муосир ва дар ҳар як баромади хеш такрор ба такрор зикр менамоянд, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Барои мардуми шарифи Тоҷикистон, маҳз миллат метавонад соҳиби давлат, обрӯ ва эътибор дар арсаи байналмилалӣ бошад. Барои ташаббусҳои шоёнашон дар назди халқу Ватан ин фарзанди фарзонаи кишвар Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавонистааст имрӯз тамоми тоҷикистониёнро дар атрофи хеш муттаҳид созад муқаддас мебошанд.

Воқеан ҳам на барои ҳама ин вазифаи пурсурур муяссар мегардад. Аммо бархе аз палидони ватанфурӯш ба он назари бадбинона доранд. Агар мо ҷавонони бо нангу номуси кишвар пеши роҳи ҳамин гуна ақидаҳои бади тафриқаандозонро тавассути ақидаи солими хеш пешгирӣ накунем, мебинем, ки ин гуна хоинон бо вокунишҳои муғризонаашон миёни мардуми тоҷик тафриқа меандозанд.

Чеҳраҳои манфури давлатҳои фитнаангез бо бозиҳои паси пардагӣ нисбат ба давлату миллати тоҷик дар замони давлатдории миллӣ баръало намоён гашт.

Назҳатиён нафраташон бо бародарони хеш чунон зиёд аст, ки имрӯз низ аз ягон кори бад даст намекашанд. Имрӯз низ собиқ роҳбарони ин ҳизб дур аз ватан дар сояи хоҷагони худ зиндагонӣ карда, мехоҳанд, ки боз дасисаҳои наве барпо карда, Ватани ороми моро ноором созанд. Ҳар як фарди миллатро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода содиқона паи хизмат ба миллату кишвари худ бошанд. Тоҷикистони моро имрӯз тамоми ҷаҳон бо Пешвои миллаташ мешиносанд. Шукри тинҷӣ ва ободиро бояд кунем.

Бо қаноатмандӣ ва итминони комил гуфта метавонем, ки мо сокинон ва ҷавонони саодатманди ин диёри ободу зебо ҳамеша дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ буда, онро якдилона пайравӣ менамоем. Баҳри ҳифзи марзу бумаш ва барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизисоҳибистиқлол камари ҳиммат мебандем.

Қурбонов Ҳ, коршинос

 

 

 

 

Ҳеҷ овозе нест