ДАЪВОИ ХАНДАОВАРИ ҚИРҒИЗ

Профессор Қиёс Муллоқосимов (Кыяс Молдокасымов), журналист ва муаррихи қирғиз, собиқ мудири дафтари бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек ва раҳбари кунунии Бунёди “Мурас” (“Мерос”), як бунёди марбут ба идораи президенти Қирғизистон чунин маълумот додааст, ки чоряки қаламрави имрӯзаи Тоҷикистонро сарзаминҳои марбут ба қирғизҳо ташкил медиҳанд. Инчунин ӯ дар мусоҳибааш бо нашрияи KoomPress иброз намудааст, ки нафақат Муроғобу Ҷиргатол, балки ҳатто Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистонро “сарзамини қирғизҳо номида, иддао кардааст, ки ҳатто номи Хуҷанд на решаҳои форсӣ, балки решаҳои туркӣ дорад. Ӯ мегӯяд: “Барои мисол, номгузориҳои мавзеъҳои атрофи Хуҷанд: Қирқ Қиз бейити, Қирқ Уул, Нариман, Жоо Кесек, Кожо Бакырган (Хоҷа Боқирғон)… Худи Хуҷанд ҳам аз туркист, на аз форсӣ ва маънояш қароргоҳи хоҷаҳост. Ин шаҳр номи худро дар давроне гирифтааст, ки дар Тӯрон хоҷаҳои араб муқим мешуданд ва ин шаҳр ба мардуми туркзабон, аз ҷумла ба қирғизҳо рабт дошт.”

Бояд зикр намуд, ки давъои ҳамсояи мо, яъне Қирѓизистон дар масъалаи чоряки қаламрави имрӯзаи Тоҷикистонро сарзаминҳои марбут ба қирғизҳо ташкил медиҳанд, хеле хандаовар аст. Оё онҳо аз таърихи гузашта бохабар нестанд ё ин ки онҳо таърихи гузаштаро худашон вобаста ба манфиати худ эҷод кардаанд.

Ду сол қабл низ роҳбари КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев чунин як даъвои хандаоварро карда буд. Аз ҷумла гӯё ки “Мурғобу Лахш (Ҷиргатол)” ҳам аз заминҳои Қирғизистон бошад!

Мо, изҳороти генерал Абдулло Навҷувонов, сардори РВКД вилояти Суғдро дастгирӣ менамоем, ки як сол пеш дар нишасти хабариаш чунин гуфта буд: “Агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеҷ гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд”.

Ба андешаи мо ин даъвоҳо аз хоинони миллати қирѓиз шаҳодат медиҳад, ки онҳо мехоҳанд байни Қирѓизистон ва Тоҷикистон ҷанг сар занад ва муносибатҳои ин давлатҳоро мураккаб гардонанд. Чӣ тавре ки таҷриба нишон медиҳад санаи 29 апрели соли 2021 ин даъвоҳо боиси муноқишаҳои ҷангӣ байни ду давлат гардид ва оқибат 55 нафар кушта шуданд ва 240 нафар захмдор гардиданд. Дар ҷараёни муноқиша аз тарафи Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Қирғизистон дар бораи ҳалокати 36 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани беш аз 150 тани дигар хабар додааст.

Бузургони мо қайд намудаанд, ки аввал андеша баъд гуфтор. Аллбата аз беандешӣ оқибатҳои нохуш ба вуҷуд омаданаш мумкин аст.

Баъди ба имзо расидани пратоколҳои оташбас боз аз ҷониби ҳамсояи мо ҳаргуна маводҳои иғвоангез ва далолаткундаи ба муноқишаи нави наздисарҳадӣ ҷоп шуда истодааст, ки характери ҷангӣ дорад! Давлату ҳукумати Тоҷикистон ва шаҳрвадони мамлакат дар мавқеи устувор ва ягона қарор дошта, ягон метр замини касеро гирифтанӣ нест ва дар айни ҳол ягон метр замини худро ба касе доданӣ ҳам нест. Ворух ҳеҷгоҳ анклав набуд ва намешавад. Ин Шумо (қирғизҳо) замини моро барои гову бузғолапои гирифта барнагардондед.

Ҳар як инсон новобаста аз он ки шаҳрванди кадом давлат аст бояд кӯшиш намояд, ки сулҳу оромиро дар ҷаҳон пойдор намояд, зеро он метавонад ба ташаккулёбии давлату миллат мусоидат намояд.

 

Каримова М, омузгор

 

Ҳеҷ овозе нест