Машварати августии омӯзгорон баргузор шуд

Санаи 23-уми август дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №15-и Ҷамоати дехоти Фархор машварати августӣ бо омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.

ttttt.jpg

  Баъдан дар толори мактаб раиси ноҳия омӯзгоронро бо фаро расидани соли нави хониш таҳният гуфт ва барои онҳо дар таълиму тарбияи насли наврас барору комёбӣ таманно кард.

ttttt 2.jpg

  Омӯзгорони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!

         Машварати имсолаи омӯзгорони ноҳия дар остонаи ҷашн гирифтани рӯйдодҳо ва як қатор санаҳои муҳими таърихию фарҳангии ватани азизамон, махсусан 27-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Ҳукумати мамлакат, махсусан таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф бениҳоят калон асту дар пешрафту рушди давлат соҳаи маорифро аввалиндараҷа меҳисобад.

          Аз ин бармеояд, ки ҳукумати мамлакат аз ҳар як хизматчии давлатӣ, омӯзгорону кормандони соҳаи маориф нигарониҳои зиёд дорад, ки баҳри таълиму тарбияи дурусти насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои гузаштагон содиқ заҳмат кашида,  баробари ислоҳоти давра ба давраи соҳаи маориф самти фаъолияташонро ҷоннок гардонанд. Бояд дар назар дошт, ки дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастоварҳои бузург ноил мегардад, ки ҷиҳати баланд шудани сатҳи  маърифат дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд. Ҷомеае, ки дар он сатҳи саводнокии мардум баланд аст, ба нофаҳмиву фирефташавӣ ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд.

         Омӯзгорони муҳтарам. Соли хониши гузашта аз ҳар лиҳоз барои маорифчиёни ноҳия соли бобарор маҳсуб меёбад. Дар соли таҳсили аз мо гузашта дар соҳаи маорифи ноҳия пешравиҳои назаррас ба амал омаданд. Аз ҳама муҳим, агарчанде соли гузашта дар ҳаракати олимпӣ шогирдони ноҳия ягон дастовард надошта буданд, хушбахтона имсол яку якбора шогирдони шарафманди ноҳия аз заҳмати устодони сахтгиру серталаб соҳиби 6 ҷойи ифтихорӣ, ки аз он 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ноил гардиданд. Дар самти пояи моддии муассисаҳои таълимӣ бошад, ҳамагон шоҳиди кушодашавии муассисаи таълимии Гимназияи давлатии №1 барои 200 ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ, муассисаи таҳсилоти ибтидоии №66 барои 200 ҷойи нишаст аз ҳисоби Ташкилоти  байналхалқии «Тавҳид», аз таъмири пурра баровардан ва бо ҷиҳози нав таъмин намудани мтму №17 аз ҳисоби собиқ хатмкунандагони муассисаи таълимӣ, ки дар расми ифтитоҳи он шахсони баруманди сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат доштанд. Рафти сохтмони мактаби миёнаи №2 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нозимов Хуршед хуб идома дорад. Сохтмони бинои хуштарҳу замонавии чорошёна барои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 оғоз гардида, босуръат ҷараён дорад.

         Ба бахти шумо-омӯзгорон Барномаи давлатии рушди маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 мавриди амал қарор гирифта, аминам дар солҳои наздик мактабҳои зиёди замонавӣ қомат афрохта, шароити кору фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ мароми тоза касб хоҳад кард. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои ҳукумату давлат месазад бо натиҷаҳои қаноатбахш кору фаъолияти пурмаҳсул намоем.

         Мо, ба хубӣ дарк мекунем, ки таҳавуллотҳои назаррас чанд соли охир дар кори соҳаи маориф ба амал омаданд. Имрӯзҳо баъзе масоилҳои мавриди назар аст, ки дар пешрафти кори соҳа монеаэҷод шудааст. Ин ҳам бошад, саривақт ва босифат иҷро нагардидани қисмати хароҷотии сметаҳои солонаи муассисаҳои таълимӣ, маблағгузорӣ нагардидани иҷроиши Барномаи давлатии муҷҷаҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ, басанда набудани маблағгузории буҷаи маҳаллӣ дар кори таъмири мактабҳо, ба пуррагӣ ва саривақт маблағгузорӣ нашудани маблағҳои кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи маориф ва дар лаҳзаҳои зарурӣ сафарбар намудани омӯзгорон ба истироҳату фароғат, бархӯрдории омӯзгорони ҷавон аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили мактабҳо ва боғчаҳои  хусусӣ, соҳиби замини варзишгоҳ набудани як қатор муассисаҳои таълимӣ, барқарор кардани тирхонаҳои мактабӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи онҳо, ташкили мактабҳои камнуфус ва ҷалби ҳатмӣ ба таҳсилоти асосӣ дар минтақаҳои камнуфуси аҳолии ноҳия ва ба ин монанд масоилҳо аз мушкилотҳои кори соҳаи маориф мебошад, ки масъулини дахлдорро мебояд дар якҷоягӣ ба андешаи ҷиддӣ оварда, пайи ислоҳ ва чораҷӯии онҳо муносибати ҷиддӣ намоянд. Мо, вазифадорем, ки шароити мусоиди таълиму тарбия барои шумо-омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ки ояндасози ватананд, фароҳам оварем.

         Муносиби зикр қайд карданиям, ки чанд рӯз пеш зимни ифтитоҳи муассисаи тҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ишора ва таъкид намуд, ки омӯзгорони азизи мо бояд дар самти боло бурдани сифати таълиму тарбия ва ба сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани таълим чораҳо андешида, риояи сару либоси мактабӣ аз ҷониби омӯзгорон қатъӣ риоя карда шавад. Бо тозагию симои омӯзандаи омӯзгорӣ мо бояд идеали шогирдони худ бошем.

Пешрафти ҷомеа ва рушди давлатро бе иштироки омӯзгорон тасаввур кардан ғайри имкон аст. Аз саҳми омӯзгорони ноҳия дар тамоми чорабиниҳои сатҳи маҳал, ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мо қаноатмандӣ баён намуда, таҳсину офарин мехонем.

         Миллати тоҷик  аз қадим бо анъана ва урфу одати миллии худ, ки аз ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ манша  мегирад, дар миёни халқҳои дунё фарқ  карда меистад. Мо, бояд ин рисолати таърихиро бар дӯш гирифта, дар арсаи ҷаҳонӣ чун миллати бунёдкору тамаддунсоз худро муаррифӣ намоем. Омӯзгорони гиромӣ, месазад аз ҳама дида шумо пешгоми ин амри муҳим шуда, бо ташкили ҳашари ободонӣ, дар ободу зебо намудани ҳавливу дар, кӯчаю маҳалли хеш намунаи ибрат гашта, тараннумгари афкори пешқадами ҷомеа буданатонро дар остонаи омодагӣ ба ҷашни 30-умин солгарди ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нишон диҳед.

     Замоне омадааст, ки дар раванди гузариш ба низоми нав худомӯзиро дар ниҳоди омӯзгорон тарбия карда, дилбастагии хонандагонро ба хониши асарҳои бадеӣ зиёдтар ҷалб намоем. Дар ҷамъомадҳои мактабӣ, дарсҳои тарбиявӣ аз аҳамияти донишандӯзӣ, ташвиқи асарҳои гаронарзиш ва мавқею мақоми донишварон ҳарф зада, дар ниҳоди насли наврас муҳаббатро ба китобу илмомӯзӣ афзун намуданамон лозим аст. Таъкид карданиям, ки маорифчиёни ноҳия бояд дар сафи пеши зиёиёни бедордилу худогоҳ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат пешоҳанг бошанд.

     Дар ҷаҳони имрӯза забондонӣ ва малакаи кор бо техникаи компютерӣ  яке аз масъалаҳои зарурӣ ва аҳамиятнок ба шумор меравад. Ҳоло вақти он расидааст, ки аз худи мо сар карда, бо компютер кор карда тавонем, дар раванди дарсҳо аз технологияи муоссир корбарӣ карда, чун рисолати касбии хеш дигаронро низ дар омӯхтани он ташвиқ намоем.

        Омӯзгорони муҳтарам, фаромӯш накунем, ки рисолати омӯзгор тарбияи маънавии башарият аст ва чун шамъ худсӯзу равшангари роҳи дигарон будан камоли дарки баланди номи омӯзгорист. Омӯзгор будану дар ноҷӯриҳои ҷомеа бетарафӣ  ихтиёр кардан,  гуноҳи  нобахшиданист. 

       Дар охир ҳамаи Шумо – омӯзгорони арҷмандро ба фарорасии Рӯзи Дониш, оғози соли таҳсили 2018-2019 ва махсусан ҷашни фархундаи  27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил табрику таҳният намуда, ба Шумо пеш аз ҳама саломатию умри дароз, хонаободӣ ва дар фаъолияти омӯзгориатон бурдборию муваффақиятҳои беназир таманно мекунам.

   Саломату сарбаланд бошед!

ttttt 3.jpg

   Дар машварати августӣ як қатор омӯзгорон бо сипосномаи шуъбаи маориф ва раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

 

Ҳеҷ овозе нест