“ДАВИДАНИ ГУСОЛА ТО КАҲДОН”

Агар ба навиштаҳои хоини ватанфуруш – Муҳаммадиқболи Садриддин дуруст назар кунем, маълум мегардад, ки фаъолияти вай ҳамчун гардонандаи яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии наҳзатӣ маҳз ба туҳмат кардани раҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ва бадномсозии мақомоти давлатӣ равона мебошад.

Аммо барои М.Садриддини қаллоб дигар Ватану миллат ягон арзише надорад. Барои вай танҳо манфиаташ муҳим аст. Бо ҳар роҳе бояд пулу мол ба даст орад. Барои фоидаи моддӣ ҳама чиро, балки худашро ҳам савдо мезанад.

Дар асл, аз байни ҳамаи наҳзатиҳои ҷинояткор, ки имрӯз аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои аврупоӣ бо сад намуд гадоию ҳақирӣ сукунат доранд, ифротитарину мутаассибтаринашон Муҳаиммадиқболи Садриддин аст, ки имрӯз қаллобиаш низ ошкор гардидааст. Тамоми маводи таҳия ва дар сомонаҳои интерентӣ нашркардаи ин палиди касиф аз туҳмату таҳқир иборатанд. Вай аслан ягон андешаи дурусти инсонӣ надорад. Тарзи андешаронӣ, баёни афкораш аз мубаллиғони ДИИШ тафовут надорад, балки аз онҳо ҳам бадтар аст. Саволе ба миён меояд, ки чаро М.Садриддин чунин андеша ва тарзи рафтор дорад? Кадом омил ё сабабе боис шудааст, ки то ин дараҷаи боварнокарданӣ як нафар ифротию мутаассиб бошад ва душмани Ватану миллати худ гардад?

Маълум аст, ки тарзи ҳаёти ҳар як инсон дар давраи хурдсолию навҷавониаш ба ташаккул ёфтани шахсият ва ҷаҳонбинии минбаъдаи ӯ таъсири амиқ мерасонад ва нақши муҳим мебозад. Албатта М.Садриддин ҳам истисно нест ва хислатҳои манфии вай, аз ҷумла ниҳоят хашмгинӣ, ифротгароӣ, дар ҳама душман ҷустан, нотавонбинӣ, бадхоҳиаш ба миллату кишвар ба давраи бачагиаш марбутанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин писари яке аз таъсисдиҳандагон ва ТЭТ ҲНИ Садриддинов Қаландар ба ҳисоб меравад. Бефаросатӣ ва бешармие, Муҳаммадиқбол аз ҳисоби оне, ки аз тарбияи нохуби падараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Падари ў шахси масъул барои тақсимоти маводи озуқа барои гурезагон, ки аз тарафи ташкилотҳои башардўстона дода мешуд ба ҳисоб мерафт. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо сухан мегӯянд.

Аниқ аст, ки имрӯз яке аз наҳзатиҳои террорист – М.Садриддини қаллобу палид заифу нотавон аст ва ноҷавонмардона тавассути расонаҳои хабарии ифротӣ бар зидди давлату миллати мо дуруғу туҳмат паҳн мекунад. Ба таври тарсуёна ва буздилона барои манфиати худ дуруғ мебофад ва дигаронро туҳмат мекунад.

Чи хеле ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Муҳаммадиқбол Садуридинов(масъули сомонаи Ислоҳ.нет яке аз муридони Кабирӣ, ки бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин мақолаҳои ифротӣ менависад) бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандон зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст, ба монандӣ: Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА).

Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад.

Дар филми хиёнат қисми 7 доир ба бешарафӣ ва қаллобии М. Садриддин оварда шудааст. Бо баробари тамошои ин филм ба хулосае омадан мумкин аст, ки ў як шахси қаллоб буда, бо роҳи фиреб аз мардум маблағи зиёдро гирифта онҳоро фиреб додааст.

Бе асос нест, ки гуфтаанд “Давидани гусола то каҳдон” имрузҳо корҳои коррупсионии Муҳаммадиқбол Садуридинов фош гашта, ки будани ӯ бори дигар тасдиқи худро ёфтааст.

 

Раҳимова М, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест