САНАИ 27-07-2021 НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР ГАРДИД

DSC00824.JPGDSC00804.JPG

Бо мақсади ба иҷро расонидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №1729, мувофиқи нишондоди ҷадвали замимагардида санаи 27-уми соли 2021 бо ишитроки муовини аввал, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони шуъбаю бахшҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдори ноҳия ва намояндагони васоити ахбори омма оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи МИҲД-и ноҳия нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар рафти нишаст намояндагони нашрияҳои даврии ҷумҳуриявию вилоятӣ ва минтақавию ноҳиявии “Бонувони Тоҷикистон”, “Нақлиёт”, “СССР”, “Ҳамрози халқ”, “Минбари халқ”, “Хатлон”, “Кулябская правда”, “Омӯзгор”, “Гулистон”, “Минбари омӯзгор”, “Бонувони Фархор” ва дигар кормандони шабакаҳои телевизионии ТВ Сафина, ТВ Тоҷикистон, ТВ Ҷаҳоннамо, ТВ Синамо, Радиои озодӣ, радиои Хатлон, намояндагони шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, ҷамъ 40 нафар кормандони ВАО ширкат варзиданд. Ба саволҳои хабарнигорон раиси ноҳия муҳтарам раҳматзода Рустам посухҳои аниқ гардонид.

Дар ин нишаст аз ҷониби хабарнигорон бештар дар атрофи мавзуъҳои корҳои сохтмонӣ, созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳия\ю инчунин омодагиҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳо саволҳо пешниҳод гардиданд.

Ҳеҷ овозе нест