МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН БОЯД ХУДРО ИСЛОҲ КУНАД

Имрӯзҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ростӣ аз тарзи баромад ва масъалагузориҳои Кабирӣ, М.Садириддин ва якчанд ҷавонони дигар, ки худро муаррифгари давлату миллат ва фарҳанги Исломи ноб муаррифӣ менамоянд нафратам меояд.

Ростӣ аз тарзи муошират ва ғайрикоммунакитивӣ баромад намудан, гӯш надодан ба суханони тараф ва лаҳҷавӣ суханронӣ карданашон нафрати кас меояд.

Натиҷаи ҳамин тарғибу ташвиқи нодуруст ва мутаассибонаи ҳамин зумра хиёнаткорон ва қаллобони гузаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд, ки ҷавонони наврӯста мағзшӯӣ шуда, соли 2018-ум ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ҳуҷум намуданд.

Натиҷаи ҳамин тарғибу ташвиқи нодуруст ва мағзшӯии ҷавонон аст, ки ҳодисаҳои ба ҳам мушобеҳи экстремистӣ бар зидди мактаббачагон рӯхдода дар ду кишваре, ки ҷомеаи мусулмонӣ мебошанд. Яке рӯзи 9.05.2021 дар мактаби духтаронаи кишвари Афғонистон (зиёда аз 60 кушта бар ҷой гузошт) ва дигаре субҳи санаи 11.05.2021 дар мактаб-гимназияи шаҳри Қазони кишвари Тотористон аз ҷониби ҷавони 19-сола ба вуқӯъ пайваст (9 кушта бар ҷой гузошт).

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша зидди хушунат ва ҳаракатҳои мазҳабию экстремистӣ буда, дар қатори онҳо кишвари азизи мо низ бо ин амалҳои экстремистӣ муборизаи беамон мебарад.

Барои ҳамин пешниҳод гуфтаниям, ки Муҳаммадиқболи Садриддин (дастбозии хоҷагонаш) худ аз маданият, гуфтору кирдор ва рафтори мусулмонӣ дарс гирад.

Он ақидаҳои ифротиву ҷоҳилонаи солҳои 90-умашро иваз намояд ва омада худро дар назди мақомоти қудратии кишвар таслим намояд. Набошад ин ноислоҳ, ки шабакаашро ислоҳ номгузорӣ кардааст бояд худ ислоҳ шавад.

Дар назари ин чор муллотақлидҳои Иқболмонанд, ки худро «ҳақиқатҷӯ» мепиндоранд, бехабар аз он, ки миллати тоҷик бузург аст ва дар пайравии Пешвои миллат кишвари ободи худро боз ҳам зеботар карда истодаанд.

Ҳодисаҳои охири дар марзи кишвар рухдода ва ҳатто ҳодисаҳои табииро ҳам аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кори дасти кишвар ва мақомоти қудратӣ медонад, ки ин хилофи меъёрҳои ақливу динӣ мебошад.

Дар инҷо фақат хоинӣ ва ватанфурӯшии ТЭТ ҲНИ таҳти роҳбарии М.Кабирӣ ва думравонаш аст, ки дар ин ҳодисаҳо бо далелҳои нимаравшан маълум гардидааст. Чӣ хеле, ки дар боло қайд кардам ин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, ки дар атрофи худ ҷамъ намудааст кору борашон фақат иғвову чирк аз нохун кофтан аст.

Онҳо дастовардҳову пешравиҳои кишвари азизамонро таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дида натавониста истода, мисли ҳамеша аз дур бо ресмони бастаашон аз ҷониби роҳбарони хориҷиашон аккос зада меистанд ва коре карда наметавонанд.

Муродбекова М, омӯзгор

 

Ҳеҷ овозе нест