Аз ҷони набаромада умед

      Баъди нишасти Дортмунди Олмон гуруҳҳои «салмадар-гардан»-и оппозитсиони тоҷик зери мақоли бузурги халқӣ: «Аз ҷони набаромад умед» боз мардуми дасташон аз ҳавову пояшон аз замин кандашударо ба ҳам ҷамъ оварда, саргаранкунии навбатиро бо ҳузури ташкилотҳои байналмилалии  ҷангандоз ҳузури навбатӣ даъват кардаву, чун хобу хайёли парешон нақшаҳо андар миён гузоштанд.

       Ин найранги навбатӣ ҳам як ҳадаф барои Кабириву ёрони ба ӯ нобовараш танҳо луқмаи аз зардобу заҳр бадтар, луқмае, ки дар ивазаш иффат, номус, ватандорӣ, ҳуввият, мардонагӣ, ҷасорат, худогоҳиву худшиносӣ ва дигар сифатҳои олии инсониро фурӯхтаву шикам сер мекунанд, бояд дарёфт намояд. Луқмае, ки чанд вақти дигар дар олами беномусию  ноҷавонмардӣ ва беватанӣ бояд зиндагӣ кард. Чанд беватану беномуси дигарро аз ин луқмаи ҳаром бояд сер кард. Чанд вақти дигар сари зонуҳои охундҳои эруниро гарм бояд нигоҳ дошт. Чанд вақтаке оромиш мебояд дид, аз ҳама ҳавову нафсҳои дунявӣ, ки ниҳоят иштиёқ доранд, зеро ин гуруҳи наҷасшуда дар зиндагӣ қиёмат бар бод додаанд.    

        Шағоли Кабирӣ ба дунболаш луқматалбони рӯбоҳсифати дигар: Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов ва Илҳом Ёқубовро ба ҳиллаву найранги дигар гирифта, мехоҳад коолитсияи навбатӣ ташкил намояд, ки ҳамааш дурӯғ аст. Зеро, ин чоргона рӯяшон ба якдигар сиёҳ аст. Ҳаргиз ба ҳамдигар бовар надоштанду надоранд. Ҳадаф то чанд муддате ба бешарафӣ зинда мондан аст. Ҳеҷ гоҳ дигар ғавғои сагон камкунандаи ризқи гадо намешавад.

        Ай гуруҳи раҳгумзадаву бозичаи дасти дигарон гардида, барои шумо танҳо гаронгӯшон ҳамдами хубанд. Бо умед нашавед, ки ин миллату халқи ин давлати аз шарофати Худованд сарбаландгардида ҳаргиз ба дунболи ақоиди шумо намераванд. Чун сифлагони ҳарзаргӯ шумо-найрангбозонро медонанду мешиносанд. Ай пайравони Иблис, дигар умеди муҳаббат аз халқи бузурги Тоҷикистон накунед. Дигар ҳадафи тири шумоҳо хок асту бод… 

                                                                                                                       А. Маҷидзода

 

Ҳеҷ овозе нест