ТО КАЙ ДАР ҲАҚИ ТОҶИКИСТОН ФАҲШ ПАҲН МЕКУНЕД?!

Аз тариқи расонаҳои хабарӣ аз амалҳои навбатии душманонаи Кабирию думравони беору беномуси вай Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубов, ки дар яке аз ҷаласаҳои САҲА дар Варшава ташкилкардаанд хабардор шудам, росташ, мақолаи устодАйнӣ «Ҳар зараррасонандаи ба одамро нест кардан даркор», ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашизми хунхор навишта буданд баёдам омад. Имрӯз он наҳзатиҳо, ки воқеан ҳам душмани миллати тоҷик, Тоҷикистон ва сарвари хирадманди ин миллату ин давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, нест кардан лозим аст. Онҳо ҳеҷго ҳдӯсти тоҷику Тоҷикистон нахоҳанд шуд. Ин кӯрдилони бегонапараст, ҳоло ҳам Тоҷикистони хеле пешрафта, сиёсати хирадмандонаи сарвари ин кишвар ва дар байни сарварони кишварҳои хурду бузург чун як шахсияти бузург будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дидан намехоҳанд, гумон мекунам онҳо ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистони озоду ободу навин дӯст нахоҳанд буд.

Ту, Кабирии бегона мазҳаб, нашармида мақомоти Тоҷикистонро ба рушд додани террору ифрот айбдор кардаӣ. Фаҳмидаӣ, ки ту дар Тоҷикистон қотили намояндагони миллати тоҷик ҳастӣ. Вақто ки аъзои ту Айёмиддин Сатторов тавассути расонаҳои хабарӣ аз ҳаммаи фисқуфассод ва қатлу куштори ту қисса карданду на танҳо Тоҷикистониён огоҳ шуданд, балки аз террорист будани ту оламиён огоҳ шуданд, нафратам ба туву думравони ту боз ҳам зиёд шуд. Ҳама медонанд, ки ту Кабирӣ худ саркардаи террористон ҳастӣ.

Боитминони комил мегуям, ки дар вуҷуди ту заррае имон, виҷдон вуҷуд надорад. Имрӯз ту ҳамон ҷавононеро ба дом меандозӣ, ки на саводи динӣ ва на саводи сиёсӣ надоранд. Онҳоро зархарид карда, ба Тоҷикистон мефиристӣ. Маҳз қотили чорнафар сайёҳи бегуноҳ ту ҳастӣ. Хости ки назари ҷаҳониёнро ба Тоҷикистону сарвари хирадманди он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бад карда нишон диҳӣ. Ин нақши ҷаллодонаат ба корн аомад. Ҳамин қадар, ки чор нафар ҷавон бо гуноҳи ту мурданд.

Мегӯянд кур асояшро як маротиба гумм мекунад. Миллати ҷафодидаи тоҷик дигар ҳаргиз аз қафои туву ту баринҳо нахоҳад рафт. Дар Вараша ва ва давлатҳои Ғарб даъват ба амал овардаед, ки алоқаи сиёсию иқтисодиро аз Тоҷикистон бикананд. Аз охирин падидае, ки Президенти Тоҷикистон ҳамроҳи Президенти ӯзбекистон ба амал оварданд, ин кушодани дарвозаҳои дӯстӣ ба рӯи якдигар буд. Дидӣ, ки халқи тоҷику ӯзбек чӣ қадар муштоқи муҳаббати якдигар буданд. Ту палидаки сиёсӣ инро намехоҳӣ!. Ин қадар демократияе, ки дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст, дар ҳеҷ куҷойи дунё нест. Кадом як кӯрдиле аз думравони ту бо ном Гадоев Шарофиддин инро инкор кардааст. Ба гуфти ин беҳаёи бешараф дар Тоҷикистон демократия буғӣ карда мешудааст. Интихоботҳо зураки ҳал мешудаанд. Охир дар интихобот ҳамон касе, ғолиб меояд, ки дар байни миллаташ ҳурмату эҳтиром дорад. Масалан хизматҳои Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати миллати тоҷик ва кишвари Тоҷикистон ба ҷуз ту барин ислом ситезони кӯрдил, дигар  ҳамма ҳатто бегонаҳо эътироф мекунанд. Чӣ тавр мешавад, ки ту гумномро, ки кассе намешиносад, ба ҷонибдории ту овоздиҳанд?!

Хулоса амали аблаҳона, масхарабозии навбатии Кабирию думу думчаҳояшро дар Варшава на танҳо мани як шаҳрванди оддӣ, балки кули Тоҷикистониён маҳкум мекунанд.

 

А. Маҷидзода

 

Ҳеҷ овозе нест