Хасмро решакан бояд кард!
Мезанад хасм туро, гар ки ту ӯро назанӣ,
Меканад решаат, ар решаи ӯро наканӣ.
Бисёр маводи хандахариш дар сафҳаҳои интернетӣ ҳарифони буздилу нотавони кӯтоҳназари мухолифини тоҷик гузоштаву даъвии задани навбатиро аз ҷониби «душманонашон» расонаӣ карданд, ки боварнокарданист.
Эй Кабирии аз мардиву мардонагӣ дар ниҳодат чизе намонда, эй тарсхӯрдаву ба нони охундҳои эронӣ зоргардида, шумову пайравони ба якдигаратон боварнадошта боре ёдатон намеояд, ки нафари аз калтаки Худованд латхӯрда, оё бедаво мемонад? Шумоён ба лаънати халқи бузурги Тоҷикистон гирифторед! Лаънатзадаҳо аз мушт метарсанд? Шумо душмани миллат, халқи тоҷик ҳастед ва ба таъбири ҳазрати Саъдии ҷаҳонгаштаи бузург: «Ҳар киро душман дар пеш аст, агар накушад, душмани хеш аст».
Мо аз рафтору кирдори шумо «ҳимоятгарони давлати демократӣ» ва саҳми «давлатҳои дӯсту созмонҳои пушту паноҳ» солҳост панду фанд гирифта, омада истодаем. Ин нақшаи навбатии шумо чун макри душмани аз ҳилла фурумондаву силсилаи дӯстӣ меҷунбондагӣ барин аст, ки оқибаташро чун солхӯрдагони торих дар оина мебинем. Эй шармандаҳо, эй лухтакони дасти бегона, эй дӯсткушони душманпарвар, мо намедонем, ки шумо аз САҲА чӣ меҷӯеду САҲА аз шумо чӣ интизориҳо дорад. Сафсатагӯиро дар расонаҳо бас кунед! Шантажу таҳдид моли шумову кори беҳунарон аст. Аз шумо-сифлатаъбон дигарон ба муқобили ҳамватанонатон душманд омода карданд. Медонед, лекин чораи бозгашт надоред. Аз дунё дигар чӣ умеду аз охират чӣ оқибатро интизоред, оё аз худ боре пурсидаед? Ин ҳама сафсатагӯию ҳазагӯиҳоятон барои раҳоӣ намудани зиндониёни пайравонатон бо пуштибонии ташкилотҳои ҷангандоз аст. Монед, лоақал онҳои азкардапушаймон ҷазои хиёнат ба миллату давлати худ кардаро адо кунанду ба зиндагӣ баргарданд. Зиндониёни шумо дарназардошта гуноҳҳои санҷидаву таъйиншуда дар аъмолашон доранд, ба умед нашавед, ки ягон ташкилотҳои ба дарди шумоён «давопазир» онҳоро раҳо мекарда бошад. Хуб аккосатон аз ҳама дару даҳлези давлатҳову созмонҳо садо доданд, касеро парвои он нест ва дархӯри манфиате ба шумо нашуд. То кай бад –ин минвол рӯз мебаред, маслиҳат он аст, ки зиндагии шоиста ва ё марги бамуносиб орзӯ кунед!
Сафарзода Газалшох Гулом