Терорист ба мақсад намерасад

  29 июли соли равон соати 16  ба 17 дар шоҳроҳи  Кӯлобу Данғара чанд нафар раҳгумзадаҳои ТЭТ ҲНИ дар асоси нақшаҳои тарҳрезишуда ба сайёҳони хориҷӣ ҳуҷуми террористона намуда, бо мошини сабукрав онҳоро пахш намуданд. Ба ин қаноат накарда, бо олотҳои бурранда онҳоро ба ҳалокат расониданд.

  Ба ин амали ғайри инсонӣ мардуми дунё нисбати ин ифритсуратон нафрину лаънат хонданд. Ин хабар мардуми Ҷамоати деҳоти «Ғалаба»-ро нисбати амали ваҳшиёнаи шогирдони Кабирӣ бетараф нагузошт. Субҳи рӯзи чоруми август дар саҳни масҷиди ҷомеъи деҳаи «Марғзор»-и   Ҷ/д «Ғалаба» ҳамоише баргузор гардид, ки дар он нафарони зиёд аз ин амали нангини сиёҳкорони ТЭТ ҲНИ изҳори нафрату норозигӣ карданд. Бо сари баланд мегӯям, ки миллати моро дигар бо террору ифротгароӣ тарсондан мумкин нест.

    Фитнаҳои аҳриманонаи исломистони курдил имрӯз ба ҳамагон ошкору маълум шудааст. Онҳо бо террору куштори сайёҳони хориҳӣ шаъни Тоҳикистонро дар назди хориҳиён паст задан хостанд. Аз ин лиҳоз мо сокинону намозгузорони деҳаи «Марғзор»- и Ҷ/д «Ғалаба» - и н. Фархор чунин амали ваҳшиёнаро, ки нисбати сайёҳони хориҷӣ ба анҷом расонида шуд, маҳкум мекунем. Бо боварӣ ва сари баланд мегӯем, ки миллат ва давлати соҳибистиқлолу ба ваҳдатрасидаи тоҷикро тарсонидан нашояд.

                                               Лаънати Худо ба террористони ТЭТ ҲНИ!

                                                                                                                Лақайхуҷаев Ҳ, эмомхатиби  масҷиди ҷомеи Ҷ/д «Ғалаба»

Ҳеҷ овозе нест