ХОИНОН ХЕҶ ГОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Мақсади асосии ТТЭ ҲНИ ва М. Кабирӣ нопок буда, ноором кардани кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад.

Кабирӣ худ як хоин аст ва ҳамеша барои раҳгум кардани мардуми оддӣ кӯшиш менамояд. Дар ду се рӯзе, ки дар Хоруғ бархе аз аҳолии шаҳр дар назди ҳукумат ҷамъшуда буданд, аъзои ТТЭ ҲНИ ба воситаи шабакаи интернетӣ бо лофу дуруғгӯиҳои худ даъват ба амал меовард, то ки вазъ ноором бошад. Хоинон ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои ғаразноки худ намерасанд. Имрӯзҳо пас аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба мардум ҳама боз аз паи кору фаъолияти худ машғул гардидаанд. Аммо аз сомонаҳои иҷтимои дида мешавад, ки боз ҳам ин хоинон , ки худ ҳатто дар Тоҷикистон нестанду ягон маълумот дуруст надоранд, аммо дар сомонаҳои расмии ТТЭ ҲНИ хабарҳои иғвогарона паҳн менамоянд.

Ин аҳмакист ба фикри онҳо мардум ба суханҳои кадом кӯрнамакҳо медароянду тинҷиву оромии сарзамине, ки зиндагӣ доранд, вайрон мекунад. Баръакс мардум мехоҳад, ки ин ивғоргарон ҳарчи зудтар барои содир намудани ҷиноятҳои худ ҷазои худро бигиранд.

Имрӯзҳо дар як чанд давлатҳои дунё Афғонистон, Сурия, Ироқ ва ва дигар мардум аз сабаби набудани сулҳу субот, тинҷиву оромӣ мардуми бечораи азобу машаққат кашида истодаанд.

Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки дар чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебое зиндагӣ дорем, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри ин замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.

М.М.РАҲМОНОВ,
 

 

Ҳеҷ овозе нест