ҶАВОБ БА ОНҲОЕ КИ ЧАШМИ КУР ВА ГУШИ КАР ДОРАНД.

Ана акнун рафтем аввал аз он сар мекунем, ки имрӯз дар сомонаҳои иҷтимоӣ мардум бештар ҷавонон ба баромаде ба қавле худро «рақиби имрӯзаи ҳукумат» мешуморанд аз ҷумла гурӯҳҳои ифротӣ аз қабили Гурӯҳи 24, ПМТ, Шавкати Муҳаммадӣ, Гадои Шарофиддин, М. Садриддин, Беҳрӯз ва ғайраҳо..дувум ин ки онҳое, ки ба ин нафарон хоҳ сухбат мекунанд, хоҳ матн мефиристонанд..онҳоро ҳамчун як ҷавон аҳмақ мешуморам, чунки бо ин кирдорашон худ ва наздиконашонро беобрӯ мекунанд. Пурсед, кӣ чаро? Ҷавоб мегӯям пеш аз оне, ки ин тоифа одамони каммағзро бовар кунед, аз худ бипурсед, кӣ барои чӣ ин корро мекунед. Маќсад аз ин корро кардан чист? Ватани ободу оромро вайрон кардан ё хонаи ободи худу наздиконатонро оташ задану чандин нафарашонро аз даст додан мехохед?! Бояд ояндабину дурандеш бошему хар порчаи сарзамини ачдодиро азизу муътабар донем.

Имрӯзҳо мебинам, ки дар сомонаҳо нафарони бадхоҳи миллат қазияи Хорӯғро боз обу ранг дода ба максадҳои нопоки худ мехоханд бирасанд, лекин мегӯям, ки ин рафторатон мақоли хуби тоҷикиро мемонад: "Саг меҷакад корвон ба роҳаш меравад". Дар ин қазия гуфтаниам, ки "ҳақиқатҷӯён" чаро гӯш карда наметавонад. Чаро то ба имрӯз касе аз ҷумла ҳаракати худҷӯш фаҳмидан намехоҳанд, ки чаро Гулбуддин Зиёбеков ҷиноят содир кард ва ба даъвати чандинкардаи мақомат ҳозир нашуд, ба фикри нафарарони "ҳақиқатҷӯ" бояд чӣ гуна рафтор кунад...О вақте гап мезанеду мақомотро гунаҳгор мекунед, намешавад, ки як бор даст болои сина монда мардонавор қоил шавед, ки ба Шумо кӣ ҳуқуқ дод, ки шахси мансабдори мақомотро гаравгон гиред..ба МИМҲД оварда тудаи авбошон дар бинои ҳукумат ӯро муҳокима кунед?! Айнан суханони нафаре, ки Абирзода Аблусатторо таҳқир карда мегӯяд: "Ба ту нагуфтан, ки дар инҷо духтарбози накун, мумкин нест" Ин чӣ аблаҳист, кӣ шуморо ҳақ додааст, кӣ ин суханонро гӯед, ҳоло он, кӣ моҳияти корро намедонед..Эй мардум оё шумо дар асри сангӣ зиндагонӣ доред? Барои чӣ аз ҷониби тарафи нафаре, ки болиғ аст шумо ҷавоб мегӯед. Худатон такрор ба такрор қайд мекунед, ки дар Бадахшон гурӯҳи ҷинояткор нест, о чӣ магар ин рафтор ҷиноят нест…?! худро қонундон мегиред. (Эргашов Фаромуз) Инро чаро иқрор намешавед?

Ман як ҷавоне ҳастам, ки чанд маротиба дар чорабиниҳои Бадахшон иштирок кардам..бо чашми сарам дидам ва шунидам, ки чӣ қадар нисбати онҳое, ки ба сифати меҳмон омада буданд, бадрафтори доранд, махсусан ҷавонони шаҳри Хорӯғ, чаро ба худ савол намедиҳед, ки барои чӣ ба нафари дигари тоҷикистони, ки аз дигар минтақа ба кор меояд бо чашми бад нигоҳ мекунед. Аммо нафарони бадахшони дар дигар минтақа бемалол кору фаъолият мекунанд касе ба онҳо кор надорад. Чаро инро инкор мекунед, намегӯед? Сад андар сад рафтори онҳое, ки ба майдон рехтанд барои гуноҳҳои худро рӯйпӯш кардан ҷиноят кор мешуморам. Инро далелан мегӯям, чаро дарахтонро буридед, роҳро маҳкам кардед, автомашинаи кормандонро шикастед, онҳоро лату кӯб кардед?!...

Ҳеҷ овозе нест