Сазовори тамаддунофарӣ бошем!

Сари қудрати давлатдорӣ омадани аъзои ҳаракати ифротихондашудаи “Толибон” ва воқеаҳои вақтҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои дохилии Афғонистон бефарқ набошем. Ҷоиз ба қайд аст, ки мавқеи одилона ва устуворонаи давлати мо шаҳодати дарки масъулият ва матонати миллӣ аст.

Адолати таърихӣ он аст, ки дар давлатдории кишвари ҳамсоя ҳатман ҳамаи қавму миллатҳои дар мамлакат сукунатдошта дар симои намояндагони арзанда ширкат варзанд. Ҳама талошҳои ҷомеаи демократии дунявихоҳ барои таъсиси ҳукумати фарогири тоифаҳои мухталифи сиёсӣ мебошад, ки “Толибон” ин адолатро сарфи назар кардаанд. Тамошои наворҳо аз дабистонҳои фаъолиятдоштаи Афғонистони имрӯза шаҳодат медиҳанд, ки бо пардае ҷудо кардани писарону духтарони як синф меъёри башарӣ набуда, нишонаи ҷаҳолат мебошаду бас. Дур сохтани занону духтарон аз мақомҳои давлатӣ ва дигар амалҳои зиддитамаддунии толибон маҳз аз ифротгароӣ далолат медиҳаду бас.

Боиси таассуф аст, ки манфиатҷӯёни хориҷӣ ҳар гуна тӯдаю ҳаракат, ҳизбҳои сиёсиро созмон медиҳанду маблағгузорӣ менамоянд. Ғояҳои тафриқаандозиро бо парчами дини Ислом ниқоб намуда, ҷомеаро ноором месозанд. Мардуми Тоҷикистон, ки аз фаъолияти бадхоҳонаю дасисакоририи чунин ифротгароӣ дар мисоли ТТЭ ҲНИ огаҳӣ доранд, намехоҳанд, ки мардуми ҳамсояи афғон азобу уқубати ифротиён кашанд.

Мебояд зикр намуд, ки пешрафти ҷомеаро танҳо сулҳу субот дар заминаи адолати иҷтимоӣ – сиёсӣ таъмин карда метавонад. Мардуми Ватани маҳбубамон ҳаргиз намегузоранд, ки ҷаҳолат бар адолат ғолиб ояд ва дар радифи раванди башардӯстӣ ҳамеша мавқеи кишвари соҳибистиқлоли худро ҳамаҷониба дастгирию пайравӣ менамоянд.

Ҳеҷ овозе нест