Табрикоти раиси ноҳияи Фархор, ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

bbbbb_0.JPG

Меҳмонони олиқадр,

 ҳозирини гиромӣ!

Халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик 27-сол пеш ба дастоварди муқаддасу таърихӣ соҳибистиқлолӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди бузург ва неъмати бебаҳои Худовандро зери осмони соф ва дӯстию ҳамдилӣ бо эҳсоси ифтихору сарбаландӣ аз соҳибдавлатӣ ҷашн мегирем.

Ба ин хотир ҳамаи Шуморо дӯстони азиз ва дар симои Шумо кулли мардуми ноҳияи Фархорро бо камоли ифтихор ба муносибати ин ҷашни сарнавиштсозу муқаддаси миллӣ   самимона табрик мегӯям.

Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо дар марзи ду садсола падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад.

Мо бояд дарк намоем, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар давраи даҳ асри охир мебошад.

Тоҷикистони азизи мо маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории навин арзи ҳастӣ  намуд.

Дӯстони гиромӣ!

Дар ҳақиқат ҳам барои тоҷикон соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст. Хушбахтона, мо бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу равиши хосаи давлатдории  худро дарёфтем ва имрӯз бо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш меравем.

Дарки амиқи моҳияти Истиқлолияту озодӣ барои пойдории давлат ва бақои миллат аҳамияти фавқулодда дорад. Зеро маҳз ин неъмати бузурги худодод барои ҳар яки мову шумо имкон фароҳам овард, ки ба хотири фардои ободу осудаи худ ва фарзандонамон заҳмат кашем.

Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: Мо бояд ҳамеша дархотир дошта бошем, ки ҳамаи камиву костиҳо ва мушкилоти зиндагӣ дар муқоиса бо неъмати Истиқлолият ҳеҷ аст. Зеро миллате, ки Истиқлолу озодӣ дорад ва ихтиёри давлатдорӣ дар дасти худаш аст, имконият ҳам дорад, ки масъалаву мушкилоташро худаш ҳаллу фасл намояд”.

Набояд фаромӯш сохт, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми мо ба гирдоби мухолифату низоъҳои дохилӣ гирифтор гардид. Кор ба ҷое расид, ки масъалаи ҳастии миллату давлати тоҷикон зери хатар монду хатари парокандашудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷикон ба миён омад.

Сангинтарин бохти миллата-мон дар он рӯзҳо ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор шаҳрван-донамон буд, ки дар натиҷа ҳазорон нафар модарону занон аз фарзандону шавҳарони худ ва даҳҳо ҳазор нафар кӯдакон аз падару модар, яъне парастори худ маҳрум шуданд.Бар асари воқеоти мудҳиши он рӯзҳо зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гуреза шуданд, иқтисодиёт пурра хароб гардида, садҳо ҳазор манзили истиқоматӣ, ҳазорон мактабу беморхонаҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ сӯхтанд ё валангор шуданд ва хисороти моддӣ аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ гузашт. Ба сари мардуми кишвар бори гарони ғаму андуҳ, тарсу ҳарос ва ноумедӣ аз фардои зиндагӣ бор гардид. Дар чунин шароити ниҳоят сангину фоҷиабор ягона воситаи аз вартаи парокандагӣ ва маҳвшавӣ наҷот додани миллату давлат ҳарчӣ зудтар хотима бахшидан ба ҷангу хунрезӣ, ба ҳамдигарфаҳмиву ризоият даъват кардани мардум, сарҷамъ намудани миллати тоҷик ва фароҳам овардани заминаҳои Ваҳдати миллӣ буд. Зеро бе давлати миллии соҳибистиқлол тамоми орзуву омоли таърихии миллати тоҷик ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.   

Хушбахтона, мо – тоҷикон бо пуштибонии самимона ва бо такя ба хиради сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин раванди сарнавиштсозро вусъат бахшидем, сулҳу салоҳро дар кишварамон таъмин кардем, фирориён ва гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонидем ва ба барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз намудем. Маҳз аз ҳамин хотир, қатъи хунрезӣ, расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ яке аз нахустин дастовардҳои таърихӣ ва муқаддаси оғози даврони Истиқлол мебошад.

Дастоварди дигари давраи соҳибистиқлолӣ эҳё ва барқарор намудани аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он буд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдориамон саҳифаи наверо оғоз намуда, асосу пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид. Минбаъд такмили Конститусия бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо имкон фароҳам овард, ки дар кишвар инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуда, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи иродаи мардум гардад. Шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин маротиба имкон пайдо намуданд, ки озодона ва бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда самтҳои стратегӣ ва дурнамои рушди ҷомеаро барои даҳсолаҳои минбаъда мустақилона муайян намоянд. Маҳз аз ҳамин хотир, қатъи хунрезӣ, расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз нахустин дастовардҳои таърихӣ ва арзиши муқаддаси оғози даврони истиқлол мебошад, ки танҳо бо майлу хоҳиши мардуми сулҳхоҳу таҳаммулгарои тоҷик муяссар гардид, яъне ин дастоварди таърихӣ, пеш аз ҳама хизмати бузурги халқи тоҷик мебошад.

Ин марҳала, дар воқеъ, як дарси фаромӯшнопазири ҳаётӣ ва мактаби бузурги худогоҳии миллӣ буда, моро водор месозад, ки сабақҳои талхи низои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ҳаргиз аз хотир набарорем.

Дастоварди дигари давраи мазкур эҳё ва барқарор намудани аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он буд. Ҳукумати кишвар дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгирии мардуми шарифи худ сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимиятро барқарор карда, амалан дар ҷои холӣ Артиши миллиро таъсис дод ва ба ташкили шохаҳои нави ҳокимият ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз намуд.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар таърихи давлатдории мо саҳифаи наверо оғоз намуда, асосу пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид. Минбаъд такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо имкон фароҳам овард, ки дар кишвар парламенти касбии дупалатагӣ таъсис дода шавад. Инчунин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуда, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид.

         Дар заминаи асосҳои ҳуқуқии фароҳамгардида тӯли ин солҳо чанд марҳалаи ислоҳоти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ гузаронида шуда, ҷиҳати таъмини самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти дастгоҳи давлатӣ сохтори идоракунӣ бо воқеияти ҷомеа мувофиқ гардонида шуд.

         Ҳозирини гиромӣ!

Истиқлолият нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.

 Роҳи таърихие, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи Фархор дар 27 сол тай намуд, бо мушкилотҳои зиёде пешорӯ шуд.

 

 Хушбахтона бар хилофи азму талошҳои гурӯҳҳои бегонапараст, нерӯҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ, қувваҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кӯтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллиро интихоб карданд.

Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди ноҳияи Фархор ва  Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерӯи тавонбахши ҳаёт мебошад.

Албатта, дар масири таърих  27 сол муддати чандон тӯлонӣ набошад ҳам, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии дар ин муддати кӯтоҳ таҳти роҳбарии оқилонаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноилгардидаи мардумамон беҳамтост.  Дар муддати 27 соли соҳибистиқлолӣ, тавассути ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия имконият ва шароити мувофиқ барои рушд фароҳам оварда шуда, дар ҳаёти мардуми ноҳия дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд.

 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари азизи  мо, аз ҷумла ба ноҳияи Фархор имкон дод, ки ҳамаи он мушкилоти ҷойдоштаро тадриҷан бартараф намуда, шароити мусоиди рушду пешрафтро фароҳам оварад.

Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дастовардҳои ноҳияи Фархор назаррас буда, сатҳи зиндагии мардум зина ба зина баланд шуда истодааст.

 Мо чун миллати воқеан мутамаддину заҳматкаш, ободгару созанда ва сулҳхоҳу ваҳдатофар шинохта шудаем. Мову Шуморо лозим аст, ки Истиқлолияту озодиро ҳамчун нишонае аз талошу муборизаҳои ҳазорон нафар фарзандони фарзона, бонангу номӯс ва далеру ғаюри худ ҳисобида, тамоми саъю талош ва ҳиммату ғайрати хешро ба хотири ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳо сафарбар намоем.

Бояд зикр намуд, ки давоми соҳибистиқлолии кишвар аз бисёр ҷиҳат барои сокинони меҳнаткашу фарҳангдӯсти ноҳияи Фархор ҳамчун солҳои муҳиму хотирмон арзёбӣ мегарданд. Давоми ин солҳо бо баракати Истиқлолият дар маркази ноҳия сохта ба истифода додани биноҳои хушсохту замонавии Осорхона,   Китобхона, КИ ҲХДТ дар ноҳия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, ошхонаҳои“Файзи бародарон” ва“Билол”, Чойхонаи миллии Фархор,   Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Варзишгоҳ бо фарогирии 10 000 ҷойи нишаст, шӯъбаи таваллудии Беморхонаи марказӣ, мумфарш шудани роҳи мошингарди ҷамоати шаҳрак, муассисаҳои таълимии № 5,6, 8, 15, 41, 43, 44, 57, 58, 66, марказҳои саломатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ватан, Ғайрат, 20-солагии Истиқ-лолият, Дарқад, Деҳқонариқ аз нав сохта ба истифода додани  фил-лиалҳои бонкӣ ва мағозаву нуқ-таҳои хизматрасонӣ дар шаҳрак, аз таъмири хушсифат баровардан ва аз нав сохта ба истифода додани даҳҳо муассисаҳои иҷтимоӣ дар ҷамоатҳои деҳот аз қабили боғ-чаҳои бачагона, синфхонаҳои ило-вагӣ ва ба истифода додани даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ  гувоҳи гӯфтаҳои болост. 

Дар маҷмӯъ меҳнаткашони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодаанд, ки ин аз файзи истиқлол аст.

   Дӯстони азиз!

Мо хушбахт ҳастем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва давлати навини худро бо дасти худ бунёд мекунем, то ин ки Ватани маҳбубамон пайваста обод ва мардумаш хурраму дилшод бошад.

Бигузор роҳи кишвари соҳиб-истиқлоламон ба сӯи ояндаи ду-рахшон, ба сӯи пешрафту тараққиёт ҳамеша ҳамвору нурбор ва пур аз фатҳу зафарҳо бошад.

Бигузор Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пой-дор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаланду сарфароз бошад.

Дар ин лаҳзаҳои пурнишот ба халқи шарафманди ноҳияи Фархор, сари баланду нерӯи тоза ва комё-биҳои навро орзу намуда, ҷашни бузурги 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамаи Шумоён  ва дар шахсияти Шумо ба тамоми мардуми меҳнат-дӯсту меҳнатқарини Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният мегӯям!

 

                                                                Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Ҳеҷ овозе нест