Зан ва тозагӣ

  Санаи 22-уми сентябр аз тарафи шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, дар ҳамкорӣ бо бахши ҳифзи муҳити зист, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои тақвият додани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва тозаву нигоҳдошти муҳити зист, вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии занону ҷавонон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва бо ин васила тарғиби ҳуввияти миллӣ дар корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, мувофиқ бо даъвати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аксияи тозагӣ, таҳти унвони «Зан ва тозагӣ» шанбегии ӯмумии ноҳиявӣ, баргузор гардид.

kkk 1 (1).jpg

   Дар ин чорабинии ободониву тамизкорӣ кормандони тамоми шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, Ҷамоатҳо, корхонаву ташкилот, муассисаҳо, зиёда аз 700 нафар занону духтарони ноҳия, сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ва шаҳраку деҳот, ширкати фаъолона варзиданд.

kkk 2.jpg
Ҳеҷ овозе нест