Ҳанги хар…

Таърих гувоҳ аст, ки Шумобарин ҳазорҳо «ватандӯстдорон» гузаштаанд, ки ба мақсадҳои нопоки худ нарасида, падрӯд бо дунё карда, ақидаҳои ғайриинсонии худро ба гӯр бурдаанд. Шумо худатонро дилхӯши ватан мешуморед, аммо дар асл ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, барало медонанд, ки хоҳиши Шумо ғайр аз пораканда кардани Тоҷикистон, ба нестӣ овардани миллат дигар чизе нест. Шумо худатонро дилсӯзони ватан шуморида, аз хориҷ истода «шиорбозӣ» мекунед. Нағз дар хотир доред, ки ҳамаи  дилсӯзони Тоҷикистон дар айни ҳол дар саҳроҳо, дар заводу фабрикаҳо кор мекунанду мардони далери он марзу бумро муҳофизат менамоянд ва ҷомеаро аз Шумо барин ифлосҳои баднияти ҳаром, роҳзан дуздону ғоратгарон тоза мекунанд. Ҳамин ватанфурӯшии Шумо оқиватанону оқимиллатҳо, дар дигар давлатҳо аз номи миллату Ватани мо ҳанги харона худ гуноҳи азимтарин аст, зеро Шумо ҳафт пушти худро номардвор шарманда кардаед ва ҳвтто арвоҳони гузаштаатонро дар гӯр ҳам ором намегузоред.

  Шумо худатонро донои доноҳо мешуморед, аммо аз нигоҳи мо ақли шумо монанди ақли тифле мебошад, ки тар кардани шимашро дарк намекунад. Эй Кабирӣ, ту, ки арзандаи Шумо ҳам нестӣ, аз таърих хабардор бошӣ, хуб медонӣ, ки оқибати Шумо барин ватанфурӯшҳо ба чӣ анҷом меёбад. Филми режиссёр Кузин «Расплата за передательство»- ро тамошо карда бошӣ, дидӣ, ки шахсе хоини ватан буду баъди чандсоли бозгашт ба Ватан чӣ тавр хоки Ватанро ба чашм мемоладу аз кардаи худ сахт пушаймон аст. Эй Кабирӣ, ҳоло ҳам вақт аст, ту аз ақидаҳои аҳриманиат даст каш, мардумро чун иблис мафиреб, беҳуда саргардон накун, дар гарданат банди гов банду пеши миллату давлат тавба кун, зеро «Сари хамро шамшер намебурад». Ва халқи мо аз беақлон ҳаргиз хафа намешаванд. Мисол дар роҳ саг гирад, аз саг хафа намешавем, зеро саг ақл надорад. Муроҷиати манн ба ту: Пушаймони дами сакароти ту суд надорад, аммо хулоса барор, эй нохалаф, ва зану фарзандонатон, ҷонибдорони беномусат ҷабр накун, то рӯсиёҳи дунёву қиёмат нагардӣ ва мурдаат дар ғарибӣ хор бесоҳиб намонад.

                                                Кавраков М.-омӯзгори МТМУ-и №5-и   

                                                ноҳияи Фархор, собиқадори соҳа.     

Ҳеҷ овозе нест