Тантанаи гусели наваскарон

Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28.08.2018, №1095 дар бораи бо рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои тавалуди 1991 – 2000 ба хизмати ҳарбӣ санаи 1-уми октябр, дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, даъватшавандагон, волидон, хешу дӯстони онҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

h 1.jpg

   Чорабаиниро муовини аввали раиси ноҳия Вализода Насурулло ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонони ватанпарвар шарафи бузургу гузаштан аз мактаби мардонагӣ аст. Танҳо ҷавонони худшиносу худогоҳ ва ватандӯст метавонанд ба ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизамон қамари ҳиммат бубанданд. Ва шумо ихтиёриён, ки имрӯз дар ин ҷо саф кашидаву ба хизмати ҳарбӣ омодаед, аз зумраи ҳамон ҷавонони боору номус ҳастед. Ба шумо роҳи сафед хонда орзумандам, ки сарбози шуҷоъу далери ватан бошед.

h 6.jpg

   Сипас, аз номи волидон модари даъватшаванда Алиева Сафармоҳ ба сухан баромада, бо ифтихор иброз доштанд, ки ман модарам ва имрӯз омадам, ки писарамро ба хизмати Ватан гусел кунам ва аз он фахр мекунам, ки писари ман имрӯз ихтиёран ба сафи Қувваҳои Муссалаҳ рафта адои хизмат мекунад ва аз ин амали онҳо сарам ба осмон мерасад. Дуову фотеҳаи неки мо модарон ҳамеша бо шумост писарони азизам, гуфта даст ба дуо бардоштанд.

h 5.jpg

   Чун урфу одат маросими нонгазон лаҳзаи аз ҳама ҳаяҷонбахши чорабинӣ буд.

  Ҷавонписарон аз дастони модарони худ аз кулча як луқма нон мегазанд ва модар бо умеди дидори саломатии фарзанд он кулчаро то аз хизмати аскарӣ баргаштан дар хона нигоҳ медоранд.

h 0.jpg

  Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо шеърхонии кӯдакони кӯдакистони №1 оғоз ёфт. Намоиши қадамзании ҳарбии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва шеърхонии онҳо дар васфи ватан басо диққатҷалбкунанда буд.

h 4.jpg
h 3.jpg

  Дар охир ҳунармандони қасри фарҳанги ноҳия, бо сурудҳои дилнишини худ, зери роҳбарии Боймадов Файз, хотири ҳозиринро шод намуданд.

  Чорабинӣ басо хотирмон гузашт.

h 7.jpg
Ҳеҷ овозе нест