БА МАҚОЛАИ ЭМОМАЛӣ РАҲМОН ДАР ҶОПОН АЗ ҲНИТ ШИКОЯТ КАРД

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар 2-юми октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Японя рафтанд. Японя аз зумраи он кишварҳои мутарақии ҷаҳон аст, ки аз рӯи гардиши маҳсулоту пешрафти технологияи яке аз мамлакатҳои тараққикарда мансуб меёбад.

         Ин давлат дар асари ҷанги дуюми ҷаҳон ба харобазор (Хиросима, Нагасакӣ дар назар аст ) табдил ёфта бошад ҳам, тавонистааст, ки дар давраи баъди ҷанги ба давлати пешрафтаи ҷаҳон табдил ёбад.

         Боздид аз шаҳри Хиросимаи Японя, боздиди қалъаи Низозо, шаҳри Киотио ва Токиё, машварат ва вохӯри бо ашхоси воломақоми ин давлат ва дар саҳми баланд қабул намуданиПешвои миллатамон, ки тариқи расоннаҳо ва телевизион дастраси мардум шуданд, аз обрӯмандии Пешво ва роҳи интихобкардаи мо башоратгӯ аст.

         Робитаҳои чандҷонибаи Японя бо Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои авваали соҳибистиқлолии мо шуруъ шуда, баъдан густариш ёфта истодаанд. Азҷумла Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи 4-уми октябр, ки дар мулоқоти бо роҳбари Агентии ҳамкории байналмиллали Японя Синичи Кишаока буд, оиди дурнамои муносибатҳои  Тоҷикистон ба Японя гуфт: «Японя яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмиллали мебошад ва мо ба рушду тавсеаи равобити ҳамкорӣ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунем. Дар мулоқоти рӯзи 5-уми октябр, ки Президент ба Императори Японя Акихито доштанд, муҳтавои сафар ва робитаи таърихӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ доштани ду давлат сухпнрониҳо шуданд.

         Зикр шуд, ки то кунун бауни ду кишвар зиёда аз 420 лоиҳаи муштараки иҷтимоӣ ба мадлаѓи 350 млн. долари амрикои татбиқ гардидааст. Муборизаи якҷоя бар зидди хавфи ҷаҳонӣ-терроризми байнахалқӣ, экстемизм, гардиши қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилу фаромилӣ ва ѓайраҳо мавзӯи гуфтугӯи сарони давлатҳо буд.

         Зикр мекуунем, ки робитаи Тоҷикистону Японя таърихи 25 сола доранд. Дар ин муддат рушди босуботи муносибатҳои байни парлумонӣ, татбиқи босамари беш аз 50 санади меъёри ҳуқуқӣ ба имзо расидааанд, минбаъд низ густариши дӯстӣ ва ҳама гунна шартномабандиҳо ба нафъи ду халқ хоҳад буд.

         Акнун бар мегардем ба сари мақоли иѓвоангез, к ибо номи Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон аз ҲННТ шикоят кард.

         Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷопон аз рӯи амалҳои ноҷавонмардонае, ҲННТ-иён нисбати халқи тоҷик кардаанд, ҳаққи шикоят кардан дорад. Зеро хавфи амалкарди ҲННТ-иён хавфи натанҳо минтақаи мо, балки Японя ҳам ҳаст. Тарафи мо лозим медонад, ки дар ҳар нишасту вохурӣ ва сафари кори ба давлати дигар ин мувзӯъро пайгири кунад.

Ҳар як кушандаи шаҳрвандони дигар мамлакатҳо бояд ба онҳо амиқ бошад. Агар мо гунаҳгоронро нагӯем,ба беасос тоҷикистониёни сулҳдӯсту меҳмоннавозамон террорист қабул мекунанд, ки мо нестем.

ҲННТ-иён дар 20 сол пеш барои нафрати ҷаҳониёнро ба Тоҷикистон бедор кардан ба куштори ашхоси номдори дигар давлатҳо даст зада буданд. Қатли доктори ҷопонӣ- Ютака Акино низ яке аз амалҳои онҳост.

Бояд халқи Японя донад, ки на ба бегона ва на ба худӣ дар он солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳм надоштанд. Равшанфикрҳоро доштан одат доштанд. Бо вуҷуди ба гардани ҲННт-иён   шудани гуноҳашон, ки исломи кардани Тоҷикистон буд, ва бо роҳи террор амалӣ карданаш мехостанд, онҳо худро бегуноҳ будан мебинанд.

Зуроварӣ, таҳдид, куштор, бо роҳи зури ѓасби молу вазифаҳои гуногунро аз худ карданашонро касе аз хотир набаровардааст.

Дар мақола оиди додугирифт сухан рафта, моро ба ӯзбекистон қиёс кардан низ ѓаразнокиро нишон медиҳад.

                                                                                                                             БОЙМАДЗОДА АКРАМ

Ҳеҷ овозе нест