Бадахшонро - «Боми ҷаҳон» меноманд.

Бадахшон сарзамининест дар қисмати шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоҳаташ 63.7 ҳазор км/2 (зиёда аз 44 дарсади масоҳати ҷумҳурӣ). Дар иқтисодиёти вилоят мавқеи асосиро кишоварзӣ мегирад. Бадахшон бо кӯҳу манзараҳои табии дилфиреб, қулаҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, гиёҳои шифобахш, сангҳои лаълу лоҷӯварди худ ба оламиён маълумӯ машҳур аст ва таваҷҷӯҳи меҳмонони хориҷ аз кишвар ба ин қаламрави афсонавӣ беш аз пеш меафзояд. Дар 27-соли соҳибистиқлолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати тоҷик ба дастовардҳои азиме ноил гардид, ки ин боиси рушди иқтисоду фарҳанг ва нуфӯзу этибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардид. Дар рушду нумӯи кишвар, Бадазшон, ки як пораи хоки Тоҷикистон аст, бузург арзёбди мегардад. Бо ивтихор ва пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президентим Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҷумҳурӣ эълон гардид, ки аз боз ҳам назари неки Роҳбари давлат ба рушди ояндаи ин минтақа шаҳодат медиҳад. Бо назардошти мавқеи географии Бадазшон, мураккаби релефи ин қисмати дурдасти Тоҷикистон бунёду сохтмони корхонаҳои саноатӣ мушкилӣҳои зиёде ба бор меоварад. Бинобар ин Бадахшон дар оянда наздик дарн баробари ҳама он паҳлуҳои ҳаёти иқтисодӣ, метавонад макони сайру сайёҳат ва фароғати ҳамватанон ва хосса сайёҳони хориҷӣ бошад.

Албата нигоҳи оламиён дар баробари ҳама он манзараҳои дилфиреб, рӯду дарёҳои пуртуғён, таллу тепаҳои сабзпӯш ба оромии ин минтақаи баланд кӯҳ робитаи ногӯсастанӣ дорад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки вақтҳои охир муҳити сиёсии Бадахшон чандонором нест. Роҳбари давлат зимни сафари навбатӣ ба қаламрави Бадахшон иброз доштанд, ки «чаро чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонад? Чаро волояти қонунро таъмин намекунед? ва ғайра» ва ба тамоми сохторҳои сиёсию қудратӣ супориш доданд, ки ҳар чӣ зудтар дастҷамъона амнияти Бадахшонро таъмин карда, таваҷҷӯҳи оламиёнро ба ин сарзамини биҳиштосою афсонавӣ ҷалб намоем. Қобили зикр аст, ки Бадахшон ба фарзона- фарзандони худ дар рушду пешрати ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанги ҷумҳурӣ ҳисагӯзор буданд ва мемонанд.

 

 

Чуноне, ки мегуянд:

Агар кӯҳи Бадахшон лаъл гардад,

Ба дидори Бадахшонӣ наарзад!

Бо боварӣ метавон гуфт, ки Бадахшон, ки худ тулӯъгоҳи офтобро мемонад, дар бунёду таҳкими Ҷумҳурии Тозаистиқлол нури зиёд мебахшад.

                                                                                                                                                Шарипов Акрам МТМУ №25

                                                                                                                                                  93-592-50-13.              

 

 

Ҳеҷ овозе нест