ТОҶИКИСТОНУ ҶОПОН ДАР ҲАМКОРИИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД РУШД ХОҲАНД ЁФТ.

Ҷопон кишварест дар қисмати шарқии Осиё (дар ҷазираҳои Хонсю, Хокайдо, Кюсю ва Сикоку), рушдёфта наздики 10 дарсади истеҳсолоти маҳсулоти саноати ҷаҳон фақат ба ин мамлакат рост меояд.

         2 октябри соли 2018 Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Ҷопон қарор дошт. Ҷопон яке аз мамлакатҳои мутарақии ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ҷиҳати маблаѓгузории соҳаи илм бошад, дар ҷойи якум мебошад. Дар айни замон аз ҷиҳати истеҳсолоти электроника, робототехника ва биотехнология дар ҷаҳон дар ҷойи аввал аст. Роҳбари давлат ба хотири ҳамкорӣ ва кумак ба ин кишвари аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта сафари кориро анҷом дод.

         Президенти кишварро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент дар масъалаҳои робитаи хориҷӣ, вазирони молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи давлатӣ, раиси палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсон ҳамроҳӣ намуданд.

         Сафари кории Президенти кишвар дар ҳолест, ки муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон ру ба рушд дорад.

         Зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Сукуба-и ин кишвар Сарвари давлат изҳор дошт, ки қатли Ютака Акино (доктори ҷопонӣ) ба гурӯҳҳои мухолифини тоҷик аз ҷумла Ҳизби экстремистию терористии наҳзати исломи Тоҷикистон рафъ дорад.Роҳбари давлат қайд намуд ва қарзи инсонии худ донист, ки куштори доктор Ютака Акино – фарзанди баруманди миллати Ҷопон гарчанде як муддат фазои ҳамсоягии моро коста гардонида бошад ҳам,  аммо муносибатҳои неки иқтисодию фарҳангии моро дар арсаи ҷаҳонӣ кам нахохад кард.

         ҲНИТ ва ҷонибдорону душманони миллати тоҷик дур аз ватани аҷдодӣ бо ҳар роҳу восита аз тариқи воситаҳои ахбори ба онҳо дастрас мехоҳанд пешомадҳои иқтисодии кишварро дар зарфи 27 соли даврони истиқлолият нодида гиранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки нерӯҳои тундгарои диниву сиёсӣ, арафаи солҳои 90-уми асри гузашта мехостанд дар Тоҷикистони тозаистиқлол давлати исломӣ ва фарҳангу мафкураи динии барои мардуми мо бегонаро ба василаи зуроварӣ, куштор, гаравгонгирӣ таҳмил намоянд. ҳатто  «Кӯшиши табадулоти» Абдуҳалим Назарзода (муовини вазири дифоъ) 4-уми сентябри соли 2015 ҳам натиҷа надод.

Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибихтиёру соҳибистиқлол дар пеш аст ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкори бо мамлакатҳои муттарақии ҷаҳон аз ҷумла ҷопон ва рушди бомароми иқтисодии кишвар зиндагии бо саодати мардумро таъмин хоҳад кард ва ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори давлатҳои рушдёфта қарор хоҳад ёфт.

                                                                                                                                                   НОСИРОВ  НАСРУЛЛО

 

Ҳеҷ овозе нест