Толори ҳукумати ноҳия дар шакли замонавӣ тармим шуд

Дар доираи вусъати тадбирҳои ободонӣ созандагӣ, бо дасгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ва соҳибкорони маҳаллӣ, бинои толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, баъди таъмири асосӣ барои ташкили ҷамъомаду чорабиниҳо бо шароити зарурӣ ба истифода дода шуд. Толори маскур соли 1988 бунёд гардида, дар ин давра бори авал навсозӣ карда шудааст. Дар ҷараёни асосии корҳои таъмир дар ин толор, дару тирезаҳои иловагӣ ва қандилҳои нав насб гардида, корҳои равшаннамоии таъмин ва пурра асбобҳои тақвияти овоз, бо таҷизотҳои нав иваз карда шудаанд.

zzz_0.jpg

 

Толор аз 180- ҷои нишаст иборат буда, он риояи унсурҳои миллӣ бо сифати баланд таъмиру навсозӣ гардидааст. Дар идомаи чунин корҳои ободонӣ, дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, таъмири асосӣ боз як толори хурд барои қабули шаҳрвандон ва ташкили нишасту чорабиниҳо ҷараён дорад.

vvv.jpg
Ҳеҷ овозе нест