БАДАХШОНРО ДАР ОЯНДАИ НАЗДИК БА ДАРВОЗАИ ТИЛОИИ КИШВАР ТАБДИЛ ХОҲЕМ ДОД

Зимни сафари кори ба Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (моҳи сентябр) аз ҳаёти иҷтимоӣ, итисодӣ ва дастоварду муваффақиятҳои ин сарзамини беназир ошноӣ пайдо карданд. Қобили зикр аст, ки дар тули 27 соли даврони соҳибистиклолӣ ин сафари 58-уми роҳбари давлат ба ин минтақаи дурдасти Ҷумҳурӣ буд. Бадахшон табиати дилфиреб, руду дарёҳои нуқрагин, қуҳҳои сар ба фалак кашида фарзандони хирадманду бо фарҳанги худ берун аз ҷумхурӣ маълуму машҳур аст. Аз қаламрави  имрузаи вилоятро, ки қадимаи таърихии «Шоҳроҳи Абрешим» мегузашт, дар такомулу ташакул ва рушди фарҳангу тиҷорати мардуми ин диёр нақши бориз гузошт. Аз қадимуллаём сангҳои қимматбаҳои лаълу лоҷувард ва гулу гиёҳҳои шифобахш таваҷҷӯҳио ламиёнро беш аз пеш ҷалб кардааст.

         Бадахшонро чатри симини замин меноманд. Гуё ин диёри афсонавӣ дар қалби қораи Осиё, дур аз баҳру укёнусҳо ҷойгир аст. Анқариб нисфи қаламрави Тоҷикистонро Бадахшон дар бар мегирад. Дар ҳақиқат Бадахшон як пораи ин диёри ҳамеша баҳору биҳиштосо, ки ӯро ном Тоҷикистон аст маҳсуб мегардад. Ҳар кадаре, ки Бадахшонро васф кунем кам аст ва қалам аз ситоиши ин ҷойгоҳи фарзандони чун Мирсаид Миршакару Ширин Бунёд, Моёншо,  Назаршоеву Меҳрубон Назаров ва чанде дигарон оҷизӣ мекунад.

Дар тули 27 соли Истиқлолият мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳое ноил гардиданд, ки беназир аст.

         Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурӣ акнун соҳ ибихтиёри Тоҷикистон ҳанӯз шаҳди  Истиқлол ва давлатдории милли, аҳамияти ин неъмати бе баҳои Худовандро эҳсос накарда вориди муноқишаҳои хунину нангини дохилӣ шуд. Хиради азалии ин мардуми тамадун офари тоҷик боло гирифту дар айёми вазнину пурмасъулият фарзанде чун Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад ва бо барқарор кардани сулҳу созиш ва сарҷамъ кардани мардум бовариро ба фардои дурахшон рушан сохт.

 

НОСИРОВ НАСРУЛЛО

 

Ҳеҷ овозе нест