ҲНИТ- ҳизби нолозим

Тайи моҳҳои ахир сару садоҳо оиди дурустӣ ё нодуруст манъ карда шудани фаъолияти ҲНИТ нигоштаҳои шӯрбарангезу зери шиканҷаи сахт қарор доштани аъзоёни ҲНИТ дар зиндонҳои мамлакат ва бетафовутӣ зоҳир кардани давлат нисбати зиндониёни сиёсӣ ва ғайраҳои марбут ба ин мавзӯъ назардидҳои назҳатиён зиёд дар Интернет ва ВАО рӯи чоп омада истодаанд. Маром аз ин ҳама нигоштаҳо вайрон кардани вазъи осоиштагӣ бо роҳи таъсиррасонӣ бо сухан буда, тарбия кардани мардум дар рӯҳияи бадбинӣ нисбат ба давлатдорӣ аст. Ҷавонони камхондаро гумроҳ кардан чӣ як кори осон аст. Ҳама гуфтаҳои назҳатиён барои мо насли калонсоли дидаи ҳолатҳои ҷанги шаҳрвандӣ чун беасар дар ҳоли боқӣ мондан мебошад.

         Мо амин бар онем, ки насли калонсоли зиёд аз таърихи давлатдории пешина воқиф ва донандаи ду навъи таълим- дунявӣ ва диннигирифта аз хониши ин гуна нигоштаҳо хулосаи амиқи даркор ба давлатдорӣ ва рӯзбариашонро мегиранд. Гӯш ба сафсата ва дасисаи каси дигаре намедиҳанд.

         Дар моҳи сентябри соли равон мусоҳибаи корманди ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Ш. Ҳамдампур бо судяи Суди Олии кишвар Ш. О. Азизов, ки рӯи таҳлили фаъолияти ҳаматарафаи ҲНИТ ин ҳизбро террористӣ ва экстремистӣ исбот кардааст, тарафи норӯшани бисёр масъалаҳоро равшан кард ва аз 29-уми сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуду фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон расман қатъ гардид. Ин ҳизб ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуд ва дуруст ҳам карданд.

         Зеро мутобиқ ба моддаи 8-и Конститутсия таъсису ба фаъолиятпардозӣ машғул будани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ ва хусумату бадбиниро пешаи кор карда, барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ кӯшиш мекунанд, манъ аст.

         Далели алоқаманд будани ин ҳизб дар мутташаниҷ гардонидани вазъи кишвар ҳанӯз аз даврони буданамон дар ИҶШС шурӯъ шуда, авҷи мансабпарастию ҷоҳталабияшонро мо мардум дар даврони ҳодисаҳои февралии соли 1989 ва аз давраи моҳи майи соли 1991 бо ду чашми сар дидаем. Ҳодисаҳои даст доштани шомилшудагони ин ҳизб амалан бо далелҳо исбот шудаанд, ки хеле афзунанд. Қисмате аз онҳо ин куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ аз тарафи аъзоёни ташкилоти террористии «Ансороллоҳ» таҳти роҳбарии Раҳимов Абдулло (бо лақаби мулло Абдулло) дар ноҳияи Рашт, инчунин ноҷавонмардона куштани донишмандони маъруфи ватанӣ аз қабили М. Олимпур, С. Кенҷаев, М. Ғуломов, С. Афардӣ, М. Осимӣ ва дигаронанд, ки имрӯзҳо ҳама гунаҳгоронро медонанд.

Далелҳои раднопазири аз қабили нишондодҳои ҷабрдидагон, наворҳои видеоӣ, амали паҳнкунии варақаҳову маводҳои зидди давлативу зидди мазҳаби ҳанафӣ ва бо худ ғайриқонунӣ нигаҳдории яроқу аслиҳаи лозим ба табадуллот бозгӯ аз онанд, ки роҳбари ҲНИТ М. Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигар аъзои Раёсати олии ҲНИТ- А. Назарзода ғасб кардани ҳокимияти давлатиро ният доштанд. Онҳо гурӯҳои ҷиноятпешаро туфайли додани мабалғи воридмешуда аз хориҷа барои амалӣ шудани мақсадашон созмон доданд. Ҳодисаҳои шаби 3-юм ва 4-уми сентябри соли 2015 рухдода, ба гуфтаҳо далеланд, ки натиҷа куштори 10 нафар хизматчии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 7 нафар захмиёнро бо худ дошт.

Имрӯзҳо аъзоёни сатҳи раёсату сатҳи оддии ин ҳизб аз содир кардани навъҳои гуногуни ҷиноят асло худдорӣ накарда истодаанд. Бо роҳҳои гуногуни аз қабили бурдани идеологияи зидди давлатӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳои тундгаро, ки берун аз марзи Тоҷикистон арзи ҳастӣ доранд, машғуланд, аз худ мусичаи бегуноҳ метарошанд.

Халқи дурандеши мамлакатро дигар ниёз ба шарҳи нархи пиёзи онҳо нест. Кӣ кӣ аст, аллакай бароямон маълуму дигар ҳоҷат ба шарҳаш намондааст. Қавми бутун ва ҳуввияти миллӣ доштану якмаром буданамонро ким-кайҳо бурунмарзиҳои дӯсту фаҳмандаамон низ эътироф кардаанд. Сухани яку дуи косалесону думравони хоҳони таъсиргузор будан ба ҳаёти мамлакати мо рӯз ба рӯз ба бетаъсирӣ рафта истодааст.

Мо як Ватан дорем, ки Тоҷикистон ном дорад. Сиҳату саломат ва ба нафъи Ватан зинда будани ҳар як тоҷики дохилу дар бурунмарз зистдошта лозим ба Тоҷикистон аст. Ҷавононро лозим меояд, ки додаи гуфтору ваъдаҳои мағзшӯён (ҳизби мамнӯи ҲНИТ дар назар аст) нашуда, пайи ободу зебо ва дилфор шудани Ватан кӯшанд, тинҷию осоиштагиро дар мамлакат пуштибон шаванд, зеро Сарварамон барои мо муҳайёсозии ҳамаи шароитҳоро ваколат медиҳад. Мо ҳама ба ӯ боварӣ дорем.

Миёна: 5.4 (5 votes)