Анҷоми кишти тирамоҳии ғаладонагиҳо

Бо мақсади сари вақт ва босифат анҷом додани кишти тирамоҳии ғаладонагиҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор чораҳои зарӯрӣ андешида шуда, дар ин замина ситоди ноҳиявӣ ташкил карда шуд. Дар ин давра 65 адад техникаҳо барои ҷуфти замин ва кишт ҷалб гардида   хоҷагиҳои деҳқонӣ тухмиҳои хушсифати навъи «Краснодар-99», «Басербой», «Жемчужина» ва «Сарвар»-ро кишт намуданд. Барои мутташакилона ҷамъбаст намудани кишти тирамоҳӣ аз тарафи ситоди ноҳиявӣ хӯроки гарм барои кормандон ташкил карда шуд.

IMG_20171212_122406.jpgДар муҳлати як ҳафта кишти ғаладонагиҳо дар мавзеи Олимтой 3813 га замин  ва дар мавзеи Уртабоз ва дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар заминҳои лалмӣ 2270 га кишти тирамоҳии ғаладонагиҳо гузаронида шуд.

Миёна: 5.6 (5 votes)