Миллату давлат хиёнаткоронашро ҳаргиз нахоҳад бахшид

      Аз сомонаи интернетӣ суҳбати Собиршо Ҳасанови 32 солаеро бо намояндаи АМИТ «Ховар» хонда, дар тааҷҷуб мондам, ки баъди ин қадар маълумотҳои зиёди рӯзмарра аз тариқи рӯзномаю маҷаллаҳо, телевизиону радио, суҳбатҳои гурӯҳҳои кории кормандони мақомоти ноҳияҳо, вилоятҳо ва вазоратҳои корҳои дохила, суд ва прокуратура  боз касоне ёфт  мешаванд, ки ба доми иблисони кабириву ҳизби бофтаю  сохтаи онҳо ҲНИТ меафтанд. О, ҷавонони азиз, шумоён куҷо меравед аз қафои ин иблисҳои мурдорхур! Шумо куҷою Сурия куҷо? Наход ҳоло ҳам надонед, ки мо тоҷикон  як Ватан дорем, ки он  Тоҷикистон ном дорад. Раваду дар ин ватан бимирӣ, арвоҳат осуда аст, ки мурдаи соҳибаш яъне  мурдаи ту бесоҳиб  намемонад. Дар Сурия чӣ  бо боварӣ мегӯям, ки мурдаат туъмаи сагу гурбаҳо хоҳад  шуд. Ҳоло дигар дар Сурия аз онҳое ки ДИИШ сохтанӣ буданд, мурда нобуд шудаанд.

   Боқимондаҳояшон саги г…да барин аз пушаймонӣ дигар намедонанд сарашонро ба кадом гӯр зананд. Аз Ватан, аз хешу табор, аз ёру диёр абадӣ маҳрум мондаанд. Вақто ки касе аз иблисакони Кабирӣ ва намояндагони ҳизби хуношоми ҲНИТ шумоёнро ба доми хеш даъват карданӣ мешаванд, хуб андеша кунед, ки осуда дар пеши падару модар, хоҳару бародар ва ин ватани тенҷу ором хушбахтона зиндагӣ кардан чӣ маънӣ дошт ва оё ҳамин аст бадбахтӣ ё аз қафои шайтонҳои одамшакли ҲНИТ рафта дар  кадом кишвари  аз ҳар тараф бароятон бегона бесоҳиб барин мурдан хушбахтист! Ҳушатонро дар сар дошта бошед. Аз чунин миллату ватан рӯ гардондан ношукрӣ  дорад, ки Худо одамро мезанад. Дониста бошед, ки Кабирию ӯ баринҳо ҳеҷ гоҳ ба ин миллату ватан хизмат накардаанд ва хизмат ҳам нахоҳанд кард. Устод Айнӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашизми хунхор мақолае иншо карда буданд ва ба он «Ҳар расонандаи ба одамро нест кардан лозим»  сарлавҳа монда буданд. Ман гумон мекунам, ки фаъолияти зиддидавлатии Кабирию ҲНИТ – и ӯ  ҳамон зараррасонандаи одам аст, ки натанҳо дар кишвари тоҷикон, балки дар кишварҳои дигар ҳаққи зиндагӣ кардан надорад. Ин гӯрсӯхта ҳоло намедонад ва донистан ҳам намехоҳад, ки бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро то  ба кадом андоза ободу озода гардонидаанд. Аз тарафи дигар  ин касофат хуб медонад, ки баъди ин қадар ҷиноятҳои нобахшиданӣ дигар дар Тоҷикистон ҳаққу ҳуқуқи зиндагӣ кардан надорад.

  Тавассути  баъзе расонаҳо хондам, ки Кабирии беномус дар Покистон, Эрону дигар кишварҳо аскар ҷамъ карда бо Тоҷикистон ҷанг карданист. О, чӣ расад неши  паша бар хояи фил. Бори дигар мегӯям ҳамин қадар, ки вой бар ҳоли онҳое, ки аз нодонӣ ба доми ин ҳаромзодаи миллат меафтанд.

А. Маҷидзода.

Миёна: 6 (3 votes)