ҲНИТ БОЯД НАЗДИ ТАЪРИХ ҶАВОБ ГӮЯД!

Таърихи сулҳи тоҷиконро дар давраи басо ҳассоси таьрихӣ, ки ба даҳсолаи охири асри XX рост меояд, тамоми мардуми сайёра беназир меҳисобанд. Дар марҳилае, ки миллат зери хатари ҷанги хонумонсӯз ба вартаи нобудӣ расида буд ва кас аз ташкил шудани як давлати мустақилу обод дар ин хоки муқаддас бовару эътимодашро канда буд, таҷрибае пеш гирифта шуд, ки ҳатто таърих мислашро ёд надорад.

ҶОНИБИ мухолифин, яъне тарафдорони ҲНИТ, ки даъвои соҳиб шудан ба ҳукуматро доштанд ва Тоҷикистонро ба майдони ҷангу қатлу куштор мубаддал гардонида буданд, фитнаву дасисаҳои зиёдро дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ роҳандозӣ карданд. Роҳбарияти мухолифин дар хоки ҳамсоякишвар - Афғонистон паноҳ бурда, аз онҷо дохили кишварро наззора мекард. Ҳар ҷо ки мавқеи заиф ва ҳассоси халқ ва ҳукуматро пайдо мекард, зуд ба ҳамон нуқта зарар мерасонид.

Ин бадхоҳони халқу миллат зери таъсири қувваи берунӣ ва таҳти шиори ташкил намудани давлати исломӣ дар ҳудуди Тоҷикистони озоди имрӯзаи мо ғаразҳои хешро амалӣ сохтан мехостанд ва давлатро зери гирдоби нангу ғорат қарор доданд. Дар ин давра шахсе, ки хилофи андешаи онҳо садо баланд кард ва аз ҳадафҳои нопокашон ҷомеаро огоҳ кардан хост, зуд нобуд карданд. Маҳз дар ҳамин давра чеҳраҳои намоёни ҷомеа, аз қабили Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Афардӣ ва собиқ муфтӣ Фатҳуллохон бо супоришу фармону ҲНИТ бераҳмона қатл карда шуданд.

Қудрати артиши мамлакат дар пахш кардани оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ намерасид, аз ин рӯ, зарурати аз нерӯи ҳарбии кишвари Русия кӯмак хостани ҳукумати вақт пеш омада буд. Аммо ин қотилони миллат - тарафдорони ТЭТ ҲНИТ дар баробари нерӯҳои зеҳнии халқ (рӯҳашон шод), ки дар боло зикри чанд тани онҳо рафт, ба нобуд кардани аскарону афсарони рус ҳам ғайрат карданд. Ин буд, ки дар натиҷаи муборизаҳои шадид ҳудуди 20 афсари пойгоҳи 201-уми Русия, ки барои ором кардани вазъи дохилии Тоҷикистон сафарбар шуда буданд, кушта шуданд.

Баъд аз ин қадар азобу шиканҷаро болои халқ оварданаш соли 1997 ТЭТ ҲНИТ-ро миллату ҳукумат бахшид, бо ин гурӯҳи хунимардумрехта оштӣ намуд ва ба зиндагии созгору осоиштаи оянда умед баст. Аммо сад афсӯс, ки ин ношукрону ношукрзодагон аз ҳадафҳои пурғарази хеш даст накашиданд ва баъд аз сулҳу муросо кардан низ даст ба хиёнат заданд. Борҳо дар ҳудуди Тоҷикистон гурӯҳҳои террористиро таъсис дода, хилофи ҳукумату суботи ҷомеа мубориза бурдан хостанд, ки барои нобуд сохтани онҳо ҷони чандин аскару афсари артиши кишвар талаф ёфт.

ТЭТ  ҲНИТ натанҳо дар қатлу куштори чеҳраҳои сиёсӣ ва афсарони пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, балки барои хуни рехтаи ҳар як тоҷики дар давраи ҷанг ба ҳалокат расида, барои бешавҳару бепадар мондани ҳар як зану фарзанди сарсонгашта, барои вайрону валангор шудани ҳар бурҷу бораи диёр, барои бехонаву сарпаноҳ мондани ҳар як сокини ин сарзамин, барои зарари моливу иқтисодии азим, барои талафоти ҷонии пиру ҷавони миллат, барои даҳсолаҳо ақиб мондани ҷомеаи тоҷикон, барои зарари равонӣ бардоштани рӯҳи мардум гунаҳкор аст ва ин ҳама хиёнат, бадхоҳӣ ва ҷиноят, ки тарафдорони ТЭТ ҲНИТ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳаққи миллати тоҷик карданд, ҳеҷ гоҳ аз саҳифаи хотироти халқ фаромӯш намешавад. Пас вақти он расида, ки ТЭТ ҲНИТ ва ҳар киву ҳарчи ки алоқаманду вобастаи онанд, дар назди таърихи миллат ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва номашон бо хатҳои сиёҳи пурдоғ дар саҳафоти пасисаршудаи рӯзгори халқи шарифи Тоҷикистон сабти абад ёбанд!

Искандар Ризоев.

Миёна: 6 (4 votes)