Арзишҳои исломӣ саодати барои инсонанд

Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали  ба сари қудрати сиёсӣ омадани Пешвои муаззамамон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (с1992) аз  он ки терроризму эксремизм ва равияҳои сохтаю бофтаи дурӯғини динӣоламро дар хатар мегузоранд, пеши роҳи онҳоро бояд гирифт ва нагузорем, ки ин амалҳои номатлуби сиёсӣдар ҳаёти кишвараҳои дунё  реша давонанд, изҳори нигаронӣ мекарданд. Шояд аз ибтидо хуб дарк карда буданд, ки ҲНИТ, ки ба майдони сиёсат омадааст, бо чунин ҳадафҳои нопок сари қудрат омадан дошт. Ҳамин тарв ҳам буд.

 Ҷаноби Олӣ дар як суҳбати сиёсиашон гуфта буданд: «Миллат, Ватан – модар ва имон иваз нопазиранд. Онҳо мафҳумҳои муқаддасанд, ки ба чизе, ба волотарин арзише наметавон иваз кард. Зарӯр аст, ба сари онҳо побарҷо ва устувор боиистем.» Чӣ мегӯед, ки истодагарӣ карда натавонистем, ки ин сабаб дошт. Аллакай аз солҳои 90 – уми асри гузашта ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва роҳ ёфтани  эмисарҳои бегона дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасид. Маълум, ки овохири солҳои шӯравӣ дар ҳама соҳаҳо бешарафи ва бетарафӣ ривоҷ ёфтан мегирад. Алалхусус дар сиёсати давлатӣ ва соҳаи маориф. Аз ин лиҳоз гумроҳшавӣ дар байни ҷавононамон зиёдтар ба мушоҳида мерасид. Аз тарафи дигар демократияи соҳибистиқлолӣ ба ҳама динҳо, алалхусус ба ислом озодии сиёсӣдод. Чӣ мегӯед, ки аз байни мо тоҷикон касоне ёфт шуданд, ки аз исломи аслии таҳаммулгаро исломи дигар, аз  мазҳаби покизаи инсондӯстонаи Имоми Аъзам дигар мазҳаб сохтанд ва бо кадом роҳҳое, ки набуд, мардумро аз ҷумла ҷавонони ноогоҳи тоҷикро ба  ислому мазҳаби бофтаю сохтаи худ гаравониданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар натиҷа тоҷик душмани хундори тоҷик шуд.

 Худованди бузург дар ояи сеи сураи «Моида» равшану возеҳ ба бандаҳояш таъкид кардааст « Имрӯз динатонро комил кардам ва неъмати худро ба Шумо тамом кардам ва исломро бароятон дин ихтиёр кардам» ва бо ҳамин ба каломи худаш нуқта гузошт. Оё касе ҳуқуқи маънавию чизе илова кардан дорад?  Сад бор на! Нагуфт, ки ба дини офаридаи ман тағирот дароред, вайро ба ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ мусаллаҳ гардонед, барои ин қатлу куштор кунед, нагуфт. Мо чӣкор кардем. Исломи ҳизбӣташкил кардем, мазҳаби салафию хилофи мусулмониамонро ҷорӣкардем, мардумамонро бо ин амалҳои  норавоямон ба гурӯҳҳо ҷудо кардем. Дар охир ана ҳамон нигарониҳое, ки Ҷаноби Олӣ дар ибтидои давлатдориамон аз терроризму ифротгароӣ ақида мекарданд, дар кишвари азизамон – Тоҷикистон нузул кард, ки натиҷаашро дидем.

 Нависандаи маъруфи франсӯз Балзак хуб гуфтааст, ки «Ғояҳои бадро танҳо ғояҳои нек безарар мегардонанд», ки рост аст. Ғояҳои некро бошад, танҳо тавассути хондан, рӯ ба китобу мактаб овардан соҳиб шудан мумкин аст. Бо хондан инсон худшинос мешавад. Нерӯе пайдо мекунад, ки некро аз бад қазоват кунад, ки ҳамин аст наҷоти инсон. Дар ҳама давру замонҳо сиёсатбозон динҳоро муврфиқи таъбу хости худашон истифода бурдаанд, ки дар натиҷа ба давлату миллаташон зиён расониданд, миллаташонро пароканда гардониданд.

 Чи тавре, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣаз бегонапарастии исломистони  тоҷик давлату миллатамон чунин зиёнро дид.

 Сарвари давлат, Президент муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар баромадҳояшон, дар ҳама Паёмҳояшон  атрофи худшиносии миллї, дӯст доштани миллату давлат ва зиракии сиёсӣтаъкидҳо мекунанд. Ҳанӯз дар Паём – 2016 моро ҳушдор дода гуфта буданд:

 « Дар хотир  бояд дошт, ки танҳо миллати басавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва  мутахассисони арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

 Акнун биёем сари сиёсатбозиҳои ҲНИТ ва қудратталабии он таҳти роҳбарии хоҷаҳои хориҷиашон. Аслан  онҳоро дунявият қонеъ намекард ва пеши роҳи намояндагони ҳизбу наҳзати исломии дар Тоҷикистон ташкилшударо дунявияти Конститутсияи кишвар мегирифт. Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд хуб донанд, ки бе дунявият – яъне бе фарҳанг, бе илмҳои замонавї, бе технологияи замони муосир мо тоҷикон таги пои бегонаҳо мемонем. Ҷаноби Олӣдар қабули сохтори давлат дунявиятро дониста қабул карда буданд, ки ин бар хилофи ҳизбиёни назҳати исломии Тоҷикистон буд.

 Биёед ба чанд сол пештар ба Афғонистон соҳиб шудлани Толибонро ба ёд биёрем, ки Афғонистонро ба як давлати мурда табдил дода буданд. Сарвари давлат таъкид карда мегӯянд: «Маҳз дунявият шароит фароҳам меорад, ки фарҳанги миллӣбо арзишҳои динӣвобаста ба ниёзҳои ҷомеа рушду такомул ёбанд ва мардум расму оинҳоро озодона риоя карда, талаботи эътиқодии худро қонеъ созанд».

 Ҳадаф аз ин навиштаҳо он аст, ки имрӯз ба қадри давлати соҳибистиқлоламон бирасем, аз оқибатҳои исломситезони овохир биандешем, ки имрӯз Афғонистону сурия, Мисру Ироқ ва кишвари Либияро ба чӣҳол оварданд.

 Тоҷикистони соҳибистиқлолу то ба ин пирӯзи расидаро бо баҳои ҷон  то ба ин пирӯзӣрасонидаем. Фирефтаи хиёнатпешаҳои миллату давлат, ки дар хориҷи кишвар мисли сагҳои дайдуи бесорҳиюбмонда, ки ҷониби мо ак – ак доранд, нашавем. Гумон мекунам дар  исломдорӣустод Лоиқ хуб гуфт бошад:

 Мо на бар онем, ки ислом нишинад бар тахт,

 Мо бар онем, ки ислом саломат бошад.

                                                                     А. Маҷидзода.

Миёна: 6 (3 votes)