КАЛ ЁР МЕКАШАД, АММО БЕФОИДА…

Рӯзи 10-уми сентябри соли равон дар ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар ва интихоботи демократӣ, ки дар шаи Варшаваи Полша баргузор гардид, намояндагони душманони миллату Давлати Тоҷикистон ва ҳизби номии асри XXl Кабирӣ, ки Ватану давлат ва дину мазҳаби худро ба ивази пулу моли охундҳои шиамазҳаб ва ҳатто ғайриисломин фурӯхтааст, иштирок карда, аз фошгӯйиҳои собиқ ҳамсафи хеш Мавлавӣ Айёмиддин Сатторов шармандаву рӯсияҳои Аврупову олами Ғарб гардидаанд. Домулло Аёмиддин Сатторов аз роҳи хатои сиёсии худ баргашта, сирру асрори Кабирӣ ва ҳамаслаконашро фош сохт ва парда аз рӯйю забон ва нияти сияҳашон, ки ҷуз қудратхоҳию хунрезӣ чизе дигаре нест, бардошт.

Ҳамватанони азиз! Нуқтае бароятон мегӯям, ки ин аст: Хуб мекунед, ки душманони миллату давлати маҳбубамонро саги девонае беш намедонед ва ба рӯйи сиёҳашон тӯф кардаед ва ватангадоёнро рӯсиёҳи ҳар ду олам гуфтаед ва иттиҳоди калу кӯру шалу дин чун аз тудаи рӯбаҳони ланг пашшоратон намебарад. Ва муссалам аст, ки аз афроди бадтухмаву палид умеди некӣ доштан хатост. Ҳақ бар ҷониби ҳаким.

Фирдавсии Тусӣ мефармояд,

                Зи нопокзода мадоред умед,

                Ки зангӣ нагардад ба шустан сафед.

                Зи бадасл чашми беҳӣ доштан,

                Бувад хок дар дида анбоштан.

        

                                                      Абдуллоев А., директории МТМУ 5-и ноҳияи Фархор.                    

 

Миёна: 6 (1 vote)