Танҳо ҲНИТ ташкилкунандаи ҷангҳои шаҳрвандӣ буд

     Ҳазрати Имоми Аъзам васияте доранд, ки дар он инсонҳоро ба сӯи ҷавонмардию одамият даъват мекунад: «Аз бухлу ҳасад бипарҳезед, зеро бахилӣ одамиро расво кунад.  Тамаъкору дурӯғгӯву ҷангандоз мабошед… Агар ниёзманд ҳам бошед, иззати нафсро аз даст мадиҳед». Ҳизби дуруғин, ки бо номи ҲНИТ дар кишварамон бо кадом роҳҳое нузул кард, силоҳаш бухлу ҳасад, ҷудоиандозию ҷангандозӣ, тавассути кизбу дуруғи маҳз фитнаю фасод паҳн кардан буд. Ҳамин буд, ки Худованд подоши амалашонро ба онҳо дод. Иддае аз ҲНИТ – чиёни тоҷик аз макру ҳилла ва  найрангҳои хоҷагони заҳҳокпешаашон огоҳӣ ёфта, аз раъяшон гаштанд, лекин онҳое, ки дасташон дар хуни ҳамдиёронашон олуда буд, шармандавор, мисли ҳамон  гурги аз сӯрох базӯр бо пашму пӯсти кандашуда гузашта, думро хода карда роҳ сӯи хоҷагонашонро пеш гирифтанд. Бубинед, ки ваќт чӣ ќадар марди бузург аст бо мурӯри замон ҳама чизро дар ҷояш мегузорад. Баду бадаслро ба кӯи бадӣ мепартояду неку хирадмандро ба маќсад мерасонад. Дар ояти 37 – и сураи «Нисо» Худованд бахилонро ба кофирон баробар дониста, онҳоро ба азоби сахт таҳдид кардааст ва дар ояти 24 – и сураи «Ҳадид» бахилонро нисбат ба фармони Худо нофармон донистааст. Дар ояти 38 – и сураи «Муҳаммад» Худованд хабар мекунад, ки агар дар ҷомеа мардуми сарватманд аз додани садаќа ва кумак ба мардуми  камбизоат бахилӣ кунанд, онҳоро аз байн мебарад ва ба ҷойи онҳо инсонҳои саховатпешаву хайрхоҳро рӯи кор меорад. Гап сари он меравад, ки ҳамин наҳзатиҳои тоҷик дар солҳои охири ҳукумати шӯравӣ бадавлаттарин шаҳрвандонамон буданд. Ҳамнафасу ҳамтабаќи на аҳли зиё, на аз ҷомеа ва на аз мардуми камбизоати кишвар буданд. Касеро ба ҷузъ ҳизби наҳзатии хеш ва хоҷагони хориҷиашон эътирофи намекарданд. Шириншамоилиҳои пулу пайсаҳои  хоҷагонашон ба хотири мансабҳои ояндаи хаёлиашон онҳоро кӯру кар карда буданд. Барои ба ин маќсадҳои нопоки худ бар алайҳи миллату кишвари тозаистиќлоли хеш бо кумаку дастгирии ҳамон хоҷагонашон ҷанги бародаркушро роҳандозӣ  намуданд.  Маҳз ҳамин наҳзатиҳои гурсухта сабабгори рехтани хуни садҳо ҳазор хурду бузурги миллати азияткашидаи тоҷик гаштанд. Беҳтарин олимон, рӯзноманигорон, табибону ҳанармандон аз дасти наҳзатиҳо кушта шуданд. Чӣ касофатеро дар кишвар  ба миён наоварданд. Чӣ ќадар шаҳру деҳоти аҳолинишин сухтаю хокистар гаштанд. Андаки дигар монда буд, ки миллат парокандаю номи Тоҷикистон аз харитаи  сиёсии ҷаҳон нест шавад. Кору амалашон, нияташон, ки бад буд, гирифтори ќаҳру ғазаби Худованд гаштанд. Акнун бигардед дар мулки хоҷагонатон мисли занҳои фоҳиша.

 Халќӣ тоҷик бо роҳбарии сарвари муаззамаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки миллатро сарҷамъ намоянд.

   Ободгароиро дар сатҳи аъло ба роҳ мондем. Истиќлолияти барќиро аз соли 2017 соҳиб шудем. Буҷаи мамлакатро дар соли 2018 ба 21, 3 милиард расонидем. Дидед, ки мардуми азияткашидаи тоҷик чӣ хел метавонад, чунки дар ин миллат нангу номуси миллӣ, ифтихор аз миллату давлат гуфтани чиз ҳаст.

 Шумоён аъзоёни  ҲНИТ ба ҳамаи ин хиёнатпешагӣ ќаноат накарда, чӣ ќадар ҷавонони гумроҳшудаи тоҷикро, ки саводи ќазоӣ надоштанд ба Сурия – ба сӯи марг кашидед. Дар ќиёмат ҷавоби хуни онҳоро чӣ мегуфта бошед?! Барномаҳои зархарид ташкил карда, Тоҷикистонро бо даҳони сагонаатон мехоед, ки лаънати Худо бар саратон. Як чизро бароятон пасмондаҳои миллат (аз ин ҳам бадтаред) гуфтаниам, ки дигар миллати азияткашидаи тоҷик ва онҳое, ки ба доматон афтода буданд, кӣ буданатонро акнун хуб медонанд. Медонанд, ки наҳзатиҳои исломӣ Тоҷикистонро оғуштаи хун карда буданд. Дурусттараш аз худношиносиатон шумо наҳзатиҳо бозичаи сари ангушти бегонаҳо шуда мондед. Чи ќадар захмҳои  задаи шумо наҳзатиҳои беимон ҷисми миллату кишварро афгору заиф карда буданд. Аз ин лиҳоз, Шумоёнро ҳаргиз ин миллати ҷафодида нахоҳад бахшид. Ҳаргиз!

   Ман намедонам шумо наҳзатиҳои гумроҳи фурухташуда кадом мусулмониро талабгоред? Ҳамон мусулмоние, ки дар Сурия ва  дигар кишварҳои араб ташкил карда, бо номи ДИИШ давлати исломӣ сохтанӣ буданд? Агар ҳамин хел бошад, ҳеҷ гоҳ мусулмон нестед, набудед ва минбаъд мусулмон нахоҳед монд. Барои исботи  ин ба  шумоён фурӯхташудаҳо ва ҳамдиёронам андешаҳои пешвои дини будоии кишвари Тибет Далай – Ламаро дар масъалаи Шарќи наздик ва ДИИШ айнан меорам: «Агар манзури шумо ДИИШ ва дигар гуруҳҳои радикалӣ бошад, онҳо мусулмон нестанд, балки душманони исломанд. Ман дар маҳаллаи мусалмоннишин бузург шудаам ва аз таълимоти ислом низ то андозае огоҳам. Мусулмонони оддӣ мардуми таҳаммулпазир, меҳрубон ва аз ҷангу хушунат безоранд». Танҳо як таваҷҷуҳи бодиќќатона лозим аст, ки ба болои ҳар як сураи Ќуръон гуфташуда «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим» сарфаҳм рафтан мумкин аст, ки  асли  ин дини пок дар решаи ҳамин ду калима, ки «раҳм» аст,  ифода шудааст, на бо буридани сари инсон, паррондан ва ваҳшиёна куштани кӯдаку зану мард. Пас ба яќин мегӯям, ки шумоён худозадаҳои русиёҳ бо сардоратон Кабирии оќипадар мусулмон нестед, ки нестед. Ҳанӯз соли 2015 нуздаҳуми ноябр шӯрои  уламои Тоҷикистон  дар бораи равияи Салафияю наҳзатия чунин ҳукм карда буд: «Тарғиби аќидаи салафия ва наҳзатия – тарғиби терроризм дар тамоми олам буда, сабаби бадном шудани дини мубини ислом мебошад». Сад афсӯс, ки маънии мисраҳои  «Банӣ одам аъзои як пайкаранд,  Ки дар офариниш зи як гавҳаранд… - ро сарфаҳм нарафтед, ки нарафтед ва ҳам нахоҳед рафт.

А. Маҷидзода.

Миёна: 6 (2 votes)