«Сад ранги чакан» дар Фархор

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҷанги маркази шаҳрак чорабинии фарҳангӣ – маърифатӣ зери унвони «Сад ранги чакан» баргузор шуд, ки он ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда буд.

   Пеш аз оғози чорабинӣ дар саҳни қасри фарҳанг намудҳои  гуногуни куртаҳои чакан, тоқӣ, чодару гулдӯзиҳои дӯхтаи ҷавондухтарону занони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд.

 Сипас барномаи рангини «Сад ранги чакан» дар иҷрои ҳунармандон намоиш дода шуд, ки мардум онро бо шавқи том тамошо карда, ба ҳар як баромад кафкӯбиҳо намуданд.

   Чорабиниро муовини раиси ноҳия Бобохонзода Рустам ҷамъбаст намуда, ба як қатор фаъолон, ки дар намоиш маҳорати баланди худро нишон доданд ифтихорномаҳо тақдим намуд.

 Баъди чорабинӣ иштироккунандагони намоиш дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ расми хотирмон гирифтанд.

                                                                                   

Ҳеҷ овозе нест