Фестивал-озмуни «Андалеб-2018» дар Фархор

Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории муштарак бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, итиффоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар саросари мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуда истодааст.

Рӯзи 23.10.2018 дар қасри фарҳанги ноҳияи Фархор, бо барномаи ҳунарӣ ҳунармандони ноҳияи Фархор аз рӯйи шартҳои озмун дар сатҳи баланд ҳунарнамоӣ намуданд.

Мақсад аз баргузории Фестивал-озмун намоиш додани дастоварҳои ҳунарию фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ буда, барои қазовати нерӯҳои зеҳниву эҷодии мауссисаҳои мазкур, тақвият бахшидани вазифаҳои иҷтимоии онҳо дар эъмори ҷомеаи навбунёди Тоҷикистон ва дар ин замина баланд бардоштани нақши онҳо дар раванди тарбияи маънавии шахрвандон, бахусус насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ғановатманди фарҳанги миллӣ мебошад.

kk_0.jpg

Субҳи ҳамон рӯз дар саҳни қасри фарҳанг ҷавондухтарону занони ҳунарманди ноҳия аз маҳсули ҳунари мардумии худ аз қабили чодару куртаҳои гулдӯзӣ, тоқию рӯймолча, кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

k.jpg

Дар ин чорабинии фарҳангӣ меҳмонон аз сатҳи вилоят Раҷабов Бурҳониддин -сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, раиси ҳакамон, Шарифзода Савсан -муовини сардори Раёсати фарҳанг, Тоиров Хайрулло- муовини сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва дигарон  ҳамчун аъзои ҳакамон иштирок намуда, пеш аз оғози чорабинӣ аз намоиши ҳунармандони ноҳия дидан карданд.

k 2.jpg

Сипас, дар толори қасри фарҳанги ноҳия барномаи рангини Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2018» бо иштироки ҳунарманони ҷавони ноҳияи Фархор  баргузор гардид, ки мардум онро бо шавқи том тамошо карда, ба ҳар як баромад баҳои баланд дода, кафкӯбиҳо намуданд.

kkk.jpg

         Дар охир, аз ҷониби аъзои ҳакамон барои намоиши ҳунару баромади ҳунармандони ноҳияи бостонии Фархор дар ҷамъ 151-хол баҳогузорӣ намуданд, шуд.

         Даври вилоятии озмун давоми моҳҳои октябр-ноябри соли равон дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар баргузор гардида, даври ҷумҳуриявии он ба санаи 19-20 ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе рост меояд.

                     

                                                                                          Дафтари матбуоти раиси ноҳияи Фархор

Ҳеҷ овозе нест