Иди касбӣ муборак, посдорони тартибот

 

f_0.JPG

Номаи табрикотии раиси ноҳияи Фархор бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик Кулли кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Фархорро ба ифтихори ҷашни касбӣ, яъне Рӯзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихоратон комёбиҳо орзу менамоям. Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст. Мақомоти милитсияи тоҷик, бахусус дар давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди он рӯзҳо, якҷо бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз ӯҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор - барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромадаанд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар дар навбати аввал, аз вазъи риояи қонуният, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа вобастагии мустақим дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ иборат аст. Таъкид кардан ба маврид аст, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳанд. Ҳар қадаре, ки мардум ба шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътимод дошта бошанд, қудрату тавоноии давлат ҳамон қадар зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин мегардад. Ҳамаи мо медонем, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуд. Аз даврони ташкилёбии он дар тӯли ин солҳо ба ӯҳдаи ин кормандони мақомоти корҳои дохила вазифаҳои басо мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб мекард. Рӯйдоду таҳаввулоти пурпечутоби ҷаҳони имрӯза, бахусус ҷангу нооромиҳои шадид дар баъзе аз кишварҳои Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигар, гуреза шудани миллионҳо нафар мардуми бегуноҳ, хароб гардидани садҳо шаҳрҳои ободу таърихӣ, осори фарҳанги ҷаҳонӣ ва шикастани пояҳои давлатдории баъзе кишварҳо бори дигар дастоварди ниҳоят пурарзиш ва бозёфти нодир будани истиқлолияту озодӣ, соҳибватанӣ ва сулҳу ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонро собит месозанд. Ҳоло мо ҳама аз он ифтихор дорем, ки мардуми шарифи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуданд ва имрӯз дар фазои сулҳу суботи комил бо азму талоши содиқона Ватани маҳбуби худро ободу зебо гардонида истодаанд. Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар душвортарин шароит барои ягонагии кишвари азизи худ қаҳрамониву мардонагӣ нишон дода, тавонистанд, ки сулҳу оромиро дар кишвар пойдор созанд. Дар ин асно мо бояд ҳаргиз меҳнату заҳматҳои собиқадорони милитсияро фаромӯш насозем, ки беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи ҳифзи осоиштагии мардум намудаанд. Бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳрро ба ифтихори ҷашни касбӣ табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон ба шумо саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу менамоям. Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!

Ҳеҷ овозе нест