Бо халқ чунон зи, ки қиёмат накунанд

Таърихи хуношоми 10 соли аввали даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон сипарӣ шуд. Халқи ҷафодидаи тоҷик таҳти сарвари хирадманду хирадпешааш бо чӣ қадар заҳматҳои зиёд аҳволи миллату давлатро ба эътидол оварданд. Ҳанӯз 10 – 15 сол қабл аз ҷониби ҳукумати кишвар гапе буд, ки камии барқ (лимит) то соли 2014 идома меёбад. Заҳматҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барабас нарафтанд. Истиқлолияти энергетикии хонаводагиро мо тоҷикон аз соли 2017 соҳиб шудем, ки ин олитарин рукни давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззамамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 Миллати ҷафодидаи тоҷик чӣ азобҳоеро аз сар нагузаронид. Шукрона аз чунин сарвари Худодод, ки имрӯз осуда зиндагӣ дорем. Лек, таърих хуб аст ё бад атрофи он бояд фикр кард, аз он таърих хулоса баровард ва онро ба насламон бояд расонид, ки барояшон панди судманд бошад. Киҳо буданд, ки Тоҷикистонро ба хуни миллат оѓӯшта карданд?! Имрӯз сиру асрори ин хабисон барои ҳамагон ошкор шуд. Инҳо як зумра гумроҳоне буданд, ки дар зери таъсири исломситезони Эронӣ Ҳизби исломӣ ташкил карда,  ошкоро ва бо роҳи қатлу террор ба сари қудрати сиёсӣ омадан хостанд. Ҳодисоти гӯшношуниди онҳо сар шуданд, ки ҳама огоҳанд. Тирашон хок хурд, лекин зиёнашон ба халқ ба давлат ва пешрафти он ҳисоб надошт. Ҳама ба онҳо нафрину лаънат мехонданд. Бо ҳукми Қонуни кишвар ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористию ифротӣ маҳкум ҳам шуд. Ин гумроҳзадаҳо бехабар аз он ки:

 Ҳар кӣ бо душманонии халқ равон аст чу баҳр,

 Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

   Ниятҳояшон нопок буд. Мехостанд, ки дар саросари Тоҷикистон мазҳаби таҳаммулпазиру таҳаммулгарои Имоми Аъзамро фурӯ нишонда, дар ниҳоди мардуми кишвар мазҳаби шиаҳои эрониро ҷой кунанд. ҲНИТ – чиёни Тоҷикистон барои амалӣ кардани ин нақшаи эмисарони эрониашон дар кишвар аз тамоми  роҳу воситаҳои  террористию экстремистӣ ҳатто аз қатлу куштори пинҳону ошкорои ҳаммииллатони хеш даст накашиданд. Ҳама кашмакашҳои сиёсӣ, ҷангҳои таҳмилӣ, гурӯҳбозиҳои сиёсӣ дар кишвар маҳсули дасти ҲНИТ буд.

 Вақто ки навиштаҳои  собиқ аъзои ҲНИТ Ҳаким Қаландаровро аз рӯзномаи «Фараж» таҳти сарлавҳаи «Дар хонаи Нурӣ ду эрони гуфтанд, ки ба Ҳоҷӣ Ҳалим як миллион доллар додем» - ро хондам, ба хулосае омадам, ки  ин роҳгумзадаҳо ҳоло ҳам дар каминанд ва ҳоло ҳам тайёранд, ки Тоҷикистонро дубора ба хоку хун бикашанд. Бисёр лозим медонам, ки аз навиштаҳои Ҳаким Қаландаров чанд сатреро мисол биёрам. Ин ҷо  сухан атрофи номуси миллатдорӣ меравад, на мазҳабу дин. Айнан: «…Вақто ки  мавзуи интихоби арабу форс меояд, дар рӯзи сахтӣ араб шиамазҳаб ҳам бошад, ҳаргиз форсро ҷонибдорӣ намекунад. Дар ҳашт соли ҷанги Эрону Ироқ арабҳои шиамазҳаб аз Саддам Ҳусейн ҷонибдорӣ карданд. Аз як араби он замон мепурсанд, ки дар ҷанг чаро Саддами кофирро  пуштибонӣ мекунию шиаҳои эрониро не. Медонед, дар ҷавоб ин араб чӣ мегӯяд? Мегӯяд, ки « Саддам араб асту эронӣ шиа» Хулоса ман араб ҳастам аввал миллаташро пеш  мегузорад, баъд дину мазҳабашро. Бо таассуф мегӯям, ки имрӯз дар як идда ҷавононамон чунин худшиносӣ мушоҳида намешавад, ки ин норасоӣ аст ва вай аз тарбияи хонаводагӣ, аз коҳилии тарбия ва таълими мактабӣ ва аз камбудиҳои 5 – 6 соли даврони донишҷӯй манша мегирад. Чун сатҳи худшиносиамон боло мегирад, маданият, маънавият, ақл, ахлоқу одоб, илму дониш дар инсон ху  - хуслат гардад, наҷот меёбад, дигар на бегонапараст мешавад ва на аз қафои ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб мегардад, мисли он ки  ин аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  бисёре аз ҷавононамон назҳатию салафӣ шуданд.

 Як ба хотир биёрем солҳои 1992 то 2000 умро, ки сарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф дар талоши сулҳу салоҳи кишвар буданд, ки муваффақ ҳам шуданд.

 Мавлоно Румии Балхӣ таъкиде доранд:

 Ман нагӯям хизмати зоҳид гузин ё майфурӯш,

 Ҳар кӣ ҳолат хуш кунад, дар хизматаш чалок бош.

 Танҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки миллаташро аз бумбасти роҳгумзадагӣ наҷот диҳад. Бо ифтихор мегӯям, ки ба ҷузъ ӯ каси дигар дар сарҷамъии миллат ва ташкили давлат ҷуръате накард, ки ӯ кард.

 Аз ин лиҳоз, бо ифтихор ва сари баланд мегӯям, ки дар кишварам мусулмонтарини мусулмонҳост бо мартабаи олӣ. Бегонаҳо аз имони ӯ ҳасрат бурдаанд. Ба шумоён курдилони миллати тоҷик мегуям:

 Ҷон фидо дар роҳи паймон кардааст,

 Сад биёбонро гулистон кардааст.

 Сарзамини пора – пора гаштаро,

 Ҷамъ карда Тоҷикистон кардааст.

 Тоҷикистоне, ки имрӯз қудрату тавоноӣ дорад ва сарвараш Эмомалӣ Раҳмон бароямон Пешвои хирадманду оқил аст.

                                                                                 А. Маҷидзода.

Ҳеҷ овозе нест