Исломро ба сиёсатбозӣ накашед

Худованди бузург дар каломаш «Қуръон» дар ояи 3 – и сураи « Моида» моро ҳушдор медиҳад: «Имрӯз динатонро комил кардам ва неъмати худро ба Шумо тамом кардам ва исломро бароятон дин ихтиёр кардам». Эй халоиқ! Оё ҳуқуқи маънавӣ дорем, ки ин каломи Ҳазрати Ҳақ – таоло рад карда, иловатан аз худ мисли Ҳизби наҳзат, Алқоида, Ваҳобия, Салафия, Ҳизби таҳрир, ДИИШ ва дигар ҳизбу равияҳо эҷод кунем. Ҳаргиз чунин ҳақку ҳуқуқ надорем!.

   Ислом як дини муқаддас ба хотири  ҳидояти башарият ба ҷузъ таҳаммулгароӣ дигар чизе надорад, аз ҷониби Худованди якто нозил шудааст. Дастури ягонааш Қуръон буда, Пайғамбари воқеъиаш Муҳаммад (с) мебошад.

 Саропо  ин дин, Қуръонаш ва Пайғамбараш ба ҷузъ манфиати инсонҳо дигар чизеро ҳимоя намекунад. Чун мо мардуми соҳибистиқлолем ва ваҳдати миллатамонро бо баҳои ҷон ба даст овардаем, дар ҳоле ки масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои истиқлолият, амният ва ваҳдати миллат пеш меояд, динамон дар ҳифзу ҳимояи мо қарор гирад, чунки беҳтарин ва олитарин неъмати Худовандӣ амният ва оромии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ана ҳамин тинҷию оромии исломи нобро душманонаш намехоҳанд. Инҳо худро дар тамоми шабакаҳои хабаррасон бо номи Ихвон –ул муслимин муаррифӣ мекунанд. Онҳо бо ҳар  роҳ ба ҳадафҳои хеш расидан мехоҳанд. Муҳимтарин фиреби онҳо ташкил кардани фонҳои хайриявӣ мебошад. Бо ин роҳ  махсусан мардуми камбизоатро ба худ ҷалб мекунанд. ҲНИТ дар  кишвари мо яке аз шохаҳои ихвониҳо буда, дар тӯли солҳо ба таври махфӣ амал карда, бо аз байн рафтани Давлати Шӯравӣ худро ошкор намуд. Дар ҳақиқат ин ҳизб аз тарафи хоҷаҳои худ, бо маблағҳои ҳангуфт таъмин карда мешуданд. ҲНИТ тавонист, ки дар  Тоҷикистон дар байни мардум мафкура ва ҳадафҳои сиёсии хешро дар байни мардуми худношинос, курдилу гумроҳшуда ба зудӣ паҳн кунад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин ҳизб дар кишвар ҷанги  бародаркушро таҳмил дод.  Ҳисороти ин ҷанг дар кишварамон гӯшношунид буд. ҲНИТ танҳо як мақсад дошт: мазҳаби  ШИИ – ро  дар мардум иҷборан бор кардан ва як давлат роҳандозӣ кардан буд.

   Аҳолии кишвар хуб дар ёд дошта бошанд, ки мо аз ибтидо то ҳоло як исломи муқаддаси таҳаммулпеша доштему дорем. Исломи мо на он исломе буд, ки даъвои ҷангу зӯроварӣ дошт. Ҳаргиз ин хел набуд. Як сабаби асосии  сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳам ҲНИТ буд, ки инро ҳама медонад. Бидуни он ки ҲНИТ  ин қадар  хисороти вазнинро барои Тоҷикистону тоҷикистониён расонид, соли 2015 дар моҳи сентябр бо тайёрии дастаҷамъонаашон аз тариқи мусаллаҳона муътаъқид буданд, ки мардум онҳоро дастгирӣ карда ба ҳадафҳои нопоки хеш хоҳанд расид. Мардуми тоҷик кайҳо бо сиёсатбозиҳои ин ҳизб шиносанд ва ҳеҷ гоҳ  онҳоро ҷонибдорӣ нахоҳанд кард. Аз ин лиҳоз, аз кулли ҳамдиёронам эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Фаромӯш накунед, ки дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорӣ аст.

             Маҳмудов С, эмомхатиби масҷиди ҷомеъи ба номи Имом Бухории Ҷ/д «Ғайрат».

Ҳеҷ овозе нест