ДОҒИ РӮЗ Пойдории оила кори дастаҷамъист

Атрофи пошхӯрии оилаҳои ҷавон маводе навиштанӣ шудам. Баҳри ҷавоб ёфтан ба якчанд суолҳои ин  мушкилоти зиндагии ҷавонон сӯи бинои суд, ки бештари моҷароҳои оилавӣ дар он мақомот ҳалли худро меёбанд, роҳ пеш  гирифтам. Вақте вориди утоқи кории яке аз кормандони суди ноҳия шудам, дар қабулгоҳи кормандони суд ду ҷавони ҳамхона шояд барои маслиҳат омада бошанд, нишаста буданд.Ҷавонзан оби дидагонашро пок карда, қалам дар даст ба навиштан машғул буд. Корманди суд ба ҷавонмард рӯ оварда, падарвор насиҳат мекард, ки ҳанӯз ҳам дер нашудааст, метавонед зиндагиатонро аз сари нав оғоз кунед.Охир, аз ин духтари зебо шумо писар доред. Бе падар чӣ гуна калон шудани фарзандатонро фикр кунед.

 Чӣ мегӯед, ки ҷавон тоқати гӯш кардани  чунин суханҳоро надошт ва бо ғурур чунин посух дод: - Насиҳатро ба ман падару модарам мекунанд.Шумо ба ман ҳалномаи судро диҳед. Муҳлати баррасияш расидааст. Талоқи занамро кайҳо боз додаам. Ман тӯй дорам, зани дигар мегирам.

 Корманди  суд чун дид, ки сухану талошҳои ба ҳам овардани онҳо асаре намекунаду ҷавон ба гапҳои ӯ гӯш намедиҳад,каме ба ғазаб омада:-Қазияи шуморо мувофиқи қонун дида мебароем. Аммо як гапи маро ҳеҷ гоҳ аз хотир набарор. Зани дигаратро ҳам ба мисли ана ҳамин духтар миёни роҳ мемонӣ. Ба қадри вай ҳам намерасӣ. Ман бо ту барин ҷавонҳо борҳо вохӯрдаам. Шумоён ҳамон вақте ба қадри зан мерасед, ки худатон мисли падари ҳамин духтарак дар доғи фарзанд сӯзед. Сад ҳайфи чунин духтарон, ки дар доми шумо барин ҷавонони бетарбия ва бемасъулият меафтанд.

  Духтар бо дастони ларзон ашкашро пок карда, сар боло карду ба корманди суд гуфт:

 - Ака, гоҳҳо писарам аз ман мепурсанд, ки падарам дар куҷоянд ва чаро ба дидани мо намеоянд?. Ман ёдаш кардам оча. Аз сӯзу алами бисёр хотирашро ҷамъ кардаму ҷавобаш додам, ки падарат мурдааст. Писарам каме истода, маъюсона гуфтанд: -Очаҷон, илтимос инро дар боғча касе нафаҳмад, ки маро сағера мегӯянд.Ин суханони писари чорсолаанд, аммо падарашро бубин , ки парвое надорад.

  Баъдан фаҳмидам, ки ин ду ҷавон ҳамагӣ ду сол бо ҳамдигар зиндагӣ карданду халос. Шавҳари бепарво бо камтарин мушкилоти зиндагӣ,  ҳалли онро танҳо дар ҷудо шудан ва зану фарзандашро дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону саргардон кардан мебинад,ки хатои азиме беш нест.

  Бо корманди суди ноҳия Тағойназарзода Фаррух оиди мавзуъ дар суҳбат шудам.Ростӣ маърифати оиладориамон хело коста гаштааст, гуфтанд он кас. Дар соли 2017 180 нафар шаҳрвандон бо аризаи бекор кардани ақди никоҳ ба суд муроҷиат кардаанд, ки бештари онҳо оилаҳои навбунёданд. Дар баррасии аризаи онҳо маълум мегардад, ки ҳанӯз ҷавононамон барои барпо намудани оила ва қадам мондан ба  ҳаёти мустақилона омода нестанд. Сабаби дигари пошхӯрии оилаҳои ҷавон ин дахолати шахси сеюм (падару модар, бародару хоҳар) мебошанд. Ҳатто ҳастанд ҳолатҳое, ки тариқи телефонии мобилӣ аз муҳоҷирати меҳнатӣ насанҷидаву надониста бо туҳмат ҳамсарашонро талоқ медиҳанд.

    Аз як чиз гиламандам, суханашро давом дода гуфтанд Тағойназарзода Фаррух.  Барои хостгории духтар 5-6 нафар калонсолону пирони рӯзгордида мераванд, аммо вақти мушкилоти зиндагии ҷавонон ҳама бетарафиро интихоб мекунанд.Падару модарон  низ дар барпо намудани оилаҳои ҷавон гунаҳкоранд.Духтари нав аз паси партаи талабагӣ баромадаро саросемавор ба шавҳар медиҳанд. Аввалан онҳоро соҳибкасбу ҳунарманд кардан лозим, то дар зиндагӣ азоб накашанд. Арӯсшаванда ё домодшавандаро бошад, худи волидайн интихоб мекунанд, ки чунин амал оқибати хуш надорад. Интихоби ҳамсару бунёди оила масъалаи кӯчак нест, ки онро ҳаволаи таваккал кунем.Сутуни асосии оила ин албатта меҳру муҳаббат аст. Фаромӯш набояд кард, ки ҳама бузургонамон пойдории оиларо дар самимият ва муҳаббати тарафайн дидаанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки духтарро бо ақлу фаросати занона ба шавҳар додан лозим аст. Акнун бубинед,ки шоир Амир Хусрави Деҳлавӣ чӣ насиҳат мекунад.

 Касе,ки ёри вафодору меҳрубон дорад,

Саодати абаду умри ҷовидон дорад.

 Аз мушоҳидаҳо, суҳбатҳо ба хулосае омадам, ки яке аз сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавон аз ҷиҳати моддиву маънавӣ омода набудани  навхонадорон мебошад. Дигар дар таълиму тарбия ва маърифати оиладорӣ нақши омӯзгор, аҳли илму маърифат ва ходимони дин ҳам калон бошад.                                                                                              И. Сайдаҳмад.

Ҳеҷ овозе нест