Марг бо НУР, марги аз НУР дур муборакат, КАБИРИ!

           Вуҷуди нопоку ҳастии аз адам бадтари Кабириву ёронаш ҳеҷ  гоҳ онҳоро  аз роҳи бадбиниву бадкориҳои дар замирашон буда дур намекунад.  Байти «Неши ақраб  на аз пайи кин аст, Муқтазои табиаташ ҳамин аст» танҳо ба ин сифлагуруҳ рост меояд. Воқеъан, хоҷагони дар никоҳи унҳо будаашон онҳоро аз худ дур шудан намемонанд. Талоқи хоҷагони ифротии онҳо, мусибати сахтест, сари Кабириву ёронашон. Рафти корбариву усуливазнамоии ин пастфитратону бадхоҳон ҳолати сад бор никоҳу боз ҳалола кардани ин бадфитратон шаҳодат медиҳад.

        Сомонаҳои интернетиро аз ҳар чорабинии сатҳи баланди ҳукуматии мо, ки чун хоре дар чашмони олуси (коҷ, каҷбин) онҳо мезанад, пур-пури ғараз кардаанд, ки ҳамаи ин фитнакориҳо  идомаи мантиқии бадбиниҳои кабириву ёрони аз ҳама дар дурмондаи онҳо мебошад.

           Дар забон демукротикунонӣ ва адолати фарогири иҷтимоию сиёсӣ ва дар амал ҳадафҳои нопоки ун харфитратони хориҷиро пиёда намудан аст. Ҳарчӣ мегӯянду ҳар кореро ба субут мерасонанд, ивазаш подоше ҳатман мегиранд, вале ин ҳама чорасозиҳои онҳо ба вазъи сиёсӣ ва мафкураи Тоҷикистониён таъсире нахоҳад дошт. Барои чӣ? Зеро, чеҳраи манфури ин каҷтинатон ба ҳама маълум! Мавқеъ ва ҳадафи ҳизби назҳати исломӣ пеши ҳама рӯшан! Чанд ҷамоати харонаи дигар, ки манфиатхоҳе беш касон нестанд, тамаъҷӯю косалеси назҳатиён буда, дунболи ақидаи калонхаронаи кабирӣ роҳпӯӣ мекунанд.

       Мақомотҳои амнияту тартибот танҳо оромию субботу зиндагии хушу осудаи халқи шарифи Тоҷикистонро мехоҳанд. Тоҷикистон давлати дар роҳи таҳкими пояҳои истиқлолу  рӯ ба пешрафт қарор дорад. Дар забони халқ мегӯянд: «Кӯрӣ, ки дар пешат гӯр аст», яъне мо бо чашми сар дидем, ки гуруҳҳои тафриқаангезу ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоиандоз чӣ корҳоеро таҳррезӣ ва амалӣ накарда истодаанд. Садҳову ҳазорон ҷавонони гумроҳу бесаводи моро барои миллату давлатамон душман омода карда, нақшаҳои душманона кашида истодаанд. Фарзандони ноогоҳи моро аз дину мазҳаб дур  карда, меҳри ватандориву ватанхоҳиро аз вуҷудашон берун карда, манқурт намуда истодаанд. Кабириву назҳатиҳо ва охундҳои эронӣ киро гарм гирифтанд, ки фарзанди туро ҳимоят ва ғамхор мешавад.

         Имрӯз Тоҷикистон тантанаи  зуҳури НУР дорад, нуре, ки алайҳи зулмот миллату давлати моро нуронию сафо мебахшад, нуре, ки ояндаи дурахшони Ватан аст, Нуре, ки бо ибтикороти Роҳбари муаззами миллат ва саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон бунёд гардид, Нури Раҳмонист, Нури ҷовидонист, Нури хушбахтиҳост. Ана аз ин НУР ин касифҳо дар ҳаросу ҷаъми кӯчакашонро месӯзонад, мегирёнад, метарсонад. Ва  боз  мегӯем, ки -Эй Кабирии аз мардиву мардонагӣ дар ниҳодат чизе намонда, эй тарсхӯрдаву ба нони охундҳои эронӣ зоргардида, шумову пайравони ба якдигаратон боварнадошта боре ёдатон намеояд, ки нафари аз калтаки Худованд латхӯрда, оё бедаво мемонад? Шумоён ба лаънати халқи бузурги Тоҷикистон гирифторед! Лаънатзадаҳои аз мушт тарсхӯрда, қудрати мубориза бо НУР доред, не ҳеҷ гоҳ, метарсед?! Шумо душмани миллат, халқи тоҷик ҳастед ва ба таъбири ҳазрати Саъдии ҷаҳонгаштаи бузург: «Ҳар киро душман дар пеш аст, агар накушад, душмани хеш аст». Марги шуморо аз қудрату дар қудрати НУР мебинем. Мо аз рафтору кирдори шумо «ҳимоятгарони давлати демократӣ» ва саҳми «давлатҳои дӯсту созмонҳои пушту паноҳ» солҳост панду фанд гирифта, омада истодаем. Ин нақшаву бадгӯиҳои навбатиатон  чун макри душмани аз ҳилла дурмонда шудааст.

         Марг бо НУР, марги аз НУР дур муборакат, КАБИРИ! Роғун сохта шуд, ба кор медарояд, бо пайи нақши сеҳрофари дастони мубораки Пешвои миллат, Тоҷикистон нуристон мешавад. Нур бар миллатам муборак!

 

 

                                                                                                                                                  Сафарзода Ғ

Ҳеҷ овозе нест