Ҳамоиши ҳунарҳои мардумӣ дар партави Паём

Аз субҳи барвақти рӯзи 19 январ ҳавлии МТМУ №8 ҳолати тӯёнаро мемонд. Чодарҳои чаканию қаламирезгишуда ба ҳусни зебои  бинои мактаб ҳусн замъ мекарданд. Духтарону занони атласпӯшу чаканпӯш, як зумра занҳою мардҳои солор ба ороиши ҷойи гирифтаи хеш машѓул буданд.

   Дар ҳақиқат то соати 9 ҳама  деҳоти ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо ба ҳамоиши ҳунарҳои мардумӣ тайёр шуданд. Дар болои мизҳо намунаи ҳама ҳунарҳои қадимаи миллиамонро дидан мумкин буд. Хушбахтона офтоби  оламтоб ҳам аз таги абрҳои осмонӣ намоён шуда, ба замину тани одамон гармӣ бахшид.

   Раиси ноҳия ҳамроҳи меҳмонон ҳам омаданд. Аз ҳамоиши хеле зебо дидан карданд. Телевизиони «Сафина» ва шабакаи аввал ҳамоишро ба навор ҳам гирифтанд.

  Дар рафти тамошо раис супориш доданд, ки дар маркази ноҳия маѓозаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ сохта, ба истифода дода шавад, то ҳунармандон дастранҷи худро ба фурӯш гузоранд, ки хабари хуш буд.

   Сонӣ ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва меҳмонони ба ҳамоиш омадаро ба толори барҳаво ва зебои мактаб барои мулоқоти раис даъват карданд. Дар ҷамъомад раиси ноҳия Вализода С атрофи ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус андешаҳояшонро тибқи зинда гардонидани ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва пешниҳоди Ҷаноби Олӣ – соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад, иброз доштанд. Аз руҳияи ба ҳамоиш омадагон ҳувайдо буд, ки  мардум Паёмро хуш пазируфтаанд.

  Чорабинӣ дар сатҳи олӣ ва хеле хотирмон гузашт.                           

                                        А. Маҷидзода.

                                        С. Исмоилов. 

Ҳеҷ овозе нест