Хондан наҷот аст

Яке аз мавзуъҳои маъмули ғазалиёти Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ дӯстӣ, дӯст доштан, умуман муҳаббати инсонӣ аст. Шояд аз он сабаб бошад, ки зиндагӣ дар замони зиндагии шоир хеле ноҷӯр будааст. Қадру қимат, меҳру муҳаббати одамон хеле коҳида будааст. Ҳамин хел мешавад, чун дӯстӣ аз байн рафт, муносибатҳои нек байни одамон намемонад. Аз матлаъи як ғазалаш аз шикваю шикоят сар мекунад:

    Ёрӣ андар кас намебинам, ёронро чӣ шуд?

   Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?

 Бубинед, ки дӯстӣ – ин ҳиссиёти неку наҷиби инсониро Худованди бузург баробари офаридани бандааш – Одам меофарад. Дар ибтидо дӯстиро барои фариштагони муқаррабаш маълум мекунад. Агар ин дӯстдорӣ нозил намешуд, шояд олами  инсонӣ обод намешуд, шояд худи Ҳазрати Одам офарида намешуд. Ривояте ҳаст, ки Парвардигори қавну макон ба хулқи наку ва қаду қомати зебои бандаи офаридааш – Одам ошиқ будааст. Аз ин лиҳоз кӣ будани бандаи ояндаашро дар симои ҳазрати Юсуф аз назари фариштагони муқарраббаш мегузаронад. Баъдтар дар «Қуръон» дар сураи «Носо» ҳам ҳамин дӯстӣ ва дӯстдориро дар биҳишт дар дили Одами Сафиоллоҳ бо чунин тарз ҷой мекунад:

 Дар тӯли 28 рӯзи дар Биҳишт будан ҳазрати Одам боре табассум накардааст.  Пайваста ғамгин ва мушаввашхотир будааст. Худованд барои имтиҳон симои Момоҳавворо аз назари Одам мегузаронад. Одам бо тааҷҷуб ба ӯ нигоҳ мекунад ва аз Худованд мепурсад:

- Худоё, ин кист? Ӯро кӣ бо худ гирифта метавонад?

 Худованд чунин посух медиҳад:

 - Ин кас, ки дидед, бандаи ман  аст. Он кас ӯро гирифта метавонад, ки ӯро ба амонат нигоҳ дошта тавонад. ҳазрати Одам боз мепурсад:

 - Парвардигоро, он касро ба ман диҳед, ман ваъда медиҳам, ки ӯро ба амонат нигоҳ медорам.

 Аз тарҷума ва тафсири Каломи Худо ба ҳамин хулоса омадан мумкин аст, ки муҳтавои ин китоби муқаддас саршор аз тарғиби дӯстдорӣ ва пазируфтани дӯстӣ иборат аст. Ин қадар меҳру муҳаббат, дӯстиву дӯстдорӣ, ки бузургонамон ситоиш кардаанд, аз ҳамин таърих манша гирифтааст. Аз он минбаъд дӯстӣ ва дӯстдорӣ дар одамон  хислати нек шуда монд. Мардуми бо ҳам дӯстӣ пайдо кардаро аз ҳам ҷудо кардан мушкил аст. Шояд Саъдӣ ба ҳамин мақсад гуфта бошад:

 Дӯстони сахтпаймонро зи душман бок нест..                            

 Аз ин лиҳоз маърифати неки дӯстиро мардуми тоҷик зиёдтар қабул кардаанд. Шояд шоир Турсунзода тавассути як байташ ишора ба ҳамон асолати таърихӣ карда бошад.

 Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

 Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

 Бале, дӯстист, ки дар ҳамсоягӣ дасти якдигарро мегирем, ҳамин дӯстист, ки дар дӯшвортарин лаҳзаҳои зиндагӣ якдигарро кумак мекунем. Мардуми деҳот ҳашар гуфтагӣ кори ройгони якҷоя доранд, ки аз дӯстӣ ба  ҷо меоранд, якҷоя қабристонамонро ба тартиб медарорем, ҳамин дӯстиамон аст, ки пул ҷамъ карда купрук месозем, трансформатор мегирем, тӯйи хатнасури кӯдакон ва хонадоршавии ҷавонони камбизоатамонро мегузаронем. Ҳамин дӯстист, ки дар Бадахшону Хуҷанду Хатлон мардум аз ҳодисаҳои табиат зиёндида якдигарро дилсӯзона даст мегиранд. Мақоли хубе ҳам дорем: Дӯст табарвор ва душман шакарвор мегӯяд. Саъдӣ ҳам ин маъниро хеле хуб ифода кардааст:

  Дӯст он бошад, ки айби ёрашро,

  Ҳамчу оина рӯ ба рӯ гӯяд.

  На ки чун шона бо ҳазор забон

  Аз қафо рафта мӯ ба мӯ гуяд.

    Дар  замони шӯравӣ дӯстии халқҳоро бо ин вожа – интернатсионализм  тарғиб мекардем. Ана ҳамин интернатсионализм гумон мекунам, аз қадим барои миллати мо маърифат будааст. Ҳамин аст, ки мо тоҷикон ба миллату халқҳои дигар ҳисси бадбинӣ, душманӣ надоштем ва надорем. Дигар халқҳоро дӯст доштем, эҳтиром кардем, ҳатто аз худ боло донистем.  Лекин аз чӣ бошед, ки дигарҳо чунин хислатро надоранд, алалхусус халқҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ бо мо робитаи дӯстӣ надоранд. Агар гӯям, ки интернатсионализм дар дунё танҳо дар миллати тоҷик мондааст, хато нахоҳам кард. Набошад, роҳбарони Ӯзбакистони ҳамсоя чаро намехоҳанд, ки мо Роғунро  бисозем. Дӯстӣ дар оилаҳоямон бояд мустаҳкам бошад.

 Махсусан, ҷавононамон хуб дар ёд дошта бошанд, ки  агар дар оила байни зану шавҳар, волидону фарзандон меҳру муҳаббат ва дӯстдорӣ набошад, ба ҳеҷ як мақсадҳои наҷибамон намерасем.  Агар дар хизмати аскарӣ байни ҷавононамон дӯстӣ, ҳурмату эҳтиром набошад, вой бар ҳоли чунин хизматчиён . Мақсади аввалиндараҷаи масҷидҳо ҳам мардумро дӯсту тифоқ гардонидан аст.  Фаромӯш набояд кард, ки қудрати тараққӣ ёфтани ин ватани ҷонон дар қудрати ваҳдату дӯстӣ асту халос. Пас, эй ҳамватан, биё бо ҳам  бошем ва дуо кунем, ки дар хонадони тоҷик шуълаҳои офтоби сулҳу дӯстӣ ҷовидон  нурафшон монад. Бубинед, ки  Мавлавии Балхӣ ба Худо  муроҷиат карда, таманно кардааст:

Офтобо, бори  дигар хонаро  пурнур  кун,

 Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун.

 Камина чун як шаҳрванди кишвари Тоҷикистони ҷонон ифтихормандам, ки миллати азизам соҳиби дили бузурги сулҳпарварӣ дорад. Натиҷаи дӯстии моро хориҷиён хуб дарк кардаанд. Яке аз сокинони кишвари Бритониё медонед чӣ навиштааст? Навиштааст, ки: «Шумо тоҷикон дар зиндагии рӯзмарраи худ таҳти роҳбарии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як натиҷа расидед, ки дар дунёи имрӯза беназир аст.  Мамлакате, ки ҷанг фаро гирифта будаш, бародаркушӣ ривоҷ дошт, ба як машъали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш табдил шудааст. Дар ҳеҷ ҷои дунё ва ҳеҷ кас то кунун натавонистааст чунин коре бикунад. Шумо миллати худро хурд напиндоред ва раиси ҷумхури худро шахсияти ҷаҳонӣ бидонед, чаро ки таҳти роҳбарии эшон матлаб – дӯстӣ дуруст шудааст».

 Агар ҳамин дӯстии азалӣ намебуд, оё ваҳдати миллатро матраҳ карда метавонистем?! Ҳамин соҳибасолатӣ буд, ки дар сангинтарин лаҳзаҳои тақдирсоз миллат меваҳои шаҳдбори  ваҳдатро ба миллати азиятдидаамон насиб гардонида, аз нестшавӣ наҷоташ дод, ки имрӯз бо умед ба сӯи ояндаи  нек, ба истиқболи 25 – умин солҷашни Истиқлолияти Тоҷикистони ҷонон бо оғӯши боз ва дастовезҳои арзанда гом мезанем.

А. Маҷидзода.

Ҳеҷ овозе нест