Таассуби динӣ-монеаи пешрафти ҷомеа

Дар ҷомеа ҳар қадар таассубу хурофоти динӣ-мазҳабӣ реша давонад, ҳамон қадар каҷравию инҳирофоти равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва сиёсӣ-мафкуравӣ дар рӯҳи иҷтимоӣ тасаллут пайдо намуда, динамикаи таҳаввулу инкишофи зеҳнию ақлониро бозмедорад. Дар натиҷа, фалаҷшавӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд, ки ин хатарноктарин навъи бемории иҷтимоӣ, фикрӣ ва маънавию маданӣ маҳсуб меёбад. Мутассифона чунин навъи беморӣ дар кишварҳои шарқӣ бахсус дар кишварҳое, ки бошандагонашон бештар мусалмононанд, тавсеа ёфтааст.

 Агар ба таърихи фарҳанги башарӣ бо таҳқик нигарем, хоҳем дарёфт, ки он ҳамвора вобаста аз вазъи зиндагӣ ва мушкилоти вуҷудияш  ду роҳи ҳалро пешниҳод кардааст, яке бо роҳи дарки дурусти воқеият, онро таҳлил ва баррасӣ намуда чораандешӣ намудааст ва дигаре чун бо роҳи ақлу хирад ҳалли масъала ба он даст надодааст, роҳи имону эътиқодро пеш гирифтааст. Ҳар ду роҳ ҳам шинохтанд ва яке шинохти дурусти воқеӣ ва дигаре шинохти зеҳнию  тахайюлӣ, аммо дар маҷмуъ аксри  мушкилоти башарро шинохти дурусту воқеӣ тавонистааст ҳал намояд. Шинохти зеҳнию тахайюлӣ бошад (имонию эътиқодӣ) дар аксар маврид монеъаи рушди шинохти воқеӣ гардида хурофотро тавсеа бахшидааст.

         Дар фарҳанги навини Аврупо аввалин донишманде, ки услуби илми навинро гузошт  донишманди англис Френсис Бекон (1561-1626) буд. Ин донишманди шаҳиру пуркор тавонист аввалан равиши нави илмиро дар баробари равиши юнонӣ ба вуҷуд оварад, ки асоси онро ба ҷузъиёт қисмат кардану (индуксия) таҷриба (эмперикӣ) намудани табиат ташкил медод, сониян беарзишу хурофотӣ ва монеъи рушд будани донишҳои схоластикиро (донишҳои мадрасӣ) собит намуда онҳоро ҳамчун бут ё шабаҳ, ки иборатанд аз бути ҷинс, бути ғор, бути бозор ва бути саҳна баррасӣ ва шарҳ додааст. Ҳамчунин Бекон аз аввалин нафаронест, ки ҳадафи илмро ҳокимияти инсон бар табиат талаққӣ кард ва аризиши асримиёнагии дониш ба хотири дониш ё дониш ба хотири авторитетро шикаст ва шиори «Дониш қувва аст»-ро ба миён гузошт. Воқеан Бекон бо осори гаронмояаи илмӣ ва фалсафиаш ҳамчун поягузори равшангарӣ (маорифпарварӣ) таҳаввулоти бузургеро дар ҷаҳони инсонӣ ба миён овард, ки рушди сареъи баъдии кишварҳои аврупоӣ ба он пайвасти қавӣ доранд. Пас аз Бекон ҳазорон нафар донишмандони баъдӣ то даврони муосир аз услуб ва шеваҳои пешниҳод намудаи он кор гирифта воқеан илмро ба қудрати воқеии башар табдил доданд ва то ҳадде султаи худро бар табиат таъмин намуда, аз он бар нафъи башар истифода намудаанд. Махсусан равшангарони (маорифпарварони) фаронсавӣ бебунёди ва хурофотӣ будани донишҳои мадрасиро интиқод намуда, онҳоро мавриди интиқоди шадид қарор доданд ва барои ҳамагонӣ шудани илм заминаро ба вуҷуд оварданду ҳамчунин секуляризмро (дунявиятро) бар теократия (ҳокимияти динӣ) тарҷеҳ доданд ва ба ҷойи китоби муқаддаси динӣ (Инҷил) китоби таҷзия, таҳлил ва шинохти табиатро пешниҳод намуданд. Натиҷаи ҳамин шинохти дуруст будааст, ки ҳазорон навъи фанноварии ҷадид ба вуҷуд омаданд ва сатҳу сифати зиндагии инсонҳоро дар маҷмуъ тағйир доданду айни ҳол зиндагии инсонҳоро бидуни онҳо тасаввур намудан ғайри имкон аст. Афзалияти аврупоиён дар он буд, ки воқеан дастаҷамъона қудрати илмро дарк намуданду онро ба шуури пешбари ҷомеа табдил доданд ва аз такя кардану умед бастан ба осмонҳо ба худ ва ба табиату донишҳои дақиқ такя намуданд ва имрўз қудрати ҷаҳонӣ дар дасти онҳост.

         Як нуқтаро зикр кардан ҷоиз аст, ки аврупоиён барои расидан ба шинохт ва маърифти даврони Эҳё ва замони Навро осон ва ройгон ба даст наовардаанд, балки муборизаи пайвастаи дигарандешону равшангароне буд, ки дар тули зиёда аз ҳазор сол дар баробари тассуби масеҳию сохти теократӣ, хурофоту ҷаҳолат ҳазорон ҳазорашон қурбонӣ (инкивизатсия) шуданд, ки ин метавонад мавзўи баҳси дигар бошад.

         Дар Шарқ бошад, махсусан дар ҷомеаҳои мусалмонӣ ҳарчанд донишмандони табиатшиносе мисли Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва даҳҳои дигар корҳои муҳимеро дар шинохти воқеӣ анҷом доданд, аммо дар маҷмуъ натавонистанд тафаккури хурофотиро пурра аз байн бибаранд ва аксарашонро мутассибону ҷоҳилони хурофотӣ маҳкум ба такфир намуданд. Ситоиши донишу хирадро дар осори  Рудакиву Фирдавсӣ сар карда, то муосирон метавон дарёфт, вале мутассифона то ҳануз аз такя кардан ба донишҳои дақиқи илмӣ аксари мардум таваккулианду  ҳалли масоилро бештар ба имону эътиқод ҳавола мекунанд. Паёми «Дониш қувва аст»-ро ҳануз 500-сол қабл аз Бекон ҳамосасарои миллӣ, абармарди фарҳанги орёӣ Фидавсии Тусӣ баён намуд «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад», вале осафо, ки ҳамзамонону пасвандони нобахирад ин паёмро дарк накарданд ва ҳануз побанди хурофотанд, ҳануз аз такя намудан бо худу масъули сарнавишти худ будан такя ба осмонҳо доранд, умед аз нокуҷоободе доранд, ки мушкилашонро осон мекунад, аз ин ки бояд зиндагӣ ва дунёи воқеиро пурарзишу муҷалло кунанд, зиндагии нақдро қурбонии дунёи дигари зеҳнӣ мекунанд, ҳамин аст, ки дар  дар саҳнаи ҷаҳони дар пасманзар мондаанд.

Мушкили аслии кишварҳои мусалмонӣ нодонию бесаводист ва нодонию бесаводӣ бузургтарин мушкили инсонист. Аз назари равоншиносӣ нодонӣ ҳамвора дар пайи худ нотавониро ба бор меоварад ва нодонию нотавонӣ ноумедиро ба бор меоварад ва ин ҳар се нигарониро ба вуҷуд меоварад. Яъне шахси нодон ҳамеша эҳсоси нотавонӣ дорад ва аз нотавонӣ ба песемизим дучор меояд ва аз худ умед надорад ва нигарон аст, ки «кай равад, раҳ зи ки пурсад, чӣ кунад, чун бошад» (мисраъ аз Соиби Табрезӣ). Ҳар ҷо ки нодонист он ҷо ҳатман ҷаҳолату тассуб ва хурофот ҳоким аст, ҳамин аст, ки дар кишварҳои мусалмонӣ пайваста низоъ асту куштор ва барои манфиатҳои гополитикиашон абарқудратҳо барои ин мушти нодон ҳар рўз дину мазҳаби нав месозанд ва ҳар кадоме худро айни ҳақиқат гуфта, тарафи дигарро мекушад. Барои собит намудани ин фикр омореро аз моҳномаи «Бедорӣ» меорам: «Дар дунё як милярду чаҳорсад милён мусалмон ҳаст, ки аз он  800 милён ё худ 60 дар садаш комилан бесаводанд, яъне навиштан ва хондан наметавонанд. Теъдоди тамоми донишгоҳҳо дар 57-кишвари мусалмони ҷаҳон зери 600 донишгоҳ аст дар ҳоле ки танҳо дар Ҳиндустон 8500 донишгоҳ вуҷуд дорад. Дар Амрико бо ҷамъияти хеле камтар аз Ҳиндустон 6000 донишгоҳ ба умури тадрис аз рўи улуми мухталиф иштиғол доранд. Дар муқоиса дарсади бесаводӣ дар ду кишвари ғайри мусалмонӣ Ҷопон ва Донмарк ба сифр баробар аст.» (Бедорӣ. Шумораи 76, Сентябри соли 2014, саҳ. 4, Сан-Диего, ИМА). Хонандаи азиз, худ ин оморро қиёс кун ва дарёб ки чаро бесуботиву беқайду борӣ дар кишварҳои мусалмони ҳоким аст ва ҳар рўз як гурўҳи навтару ҷадидтари даҳшатафкан мисли занбурғҳои баъди борон дар ин кишварҳо зуҳур мекунанд, ки ғайр аз мошини одамкушӣ арзиши дигаре аз инсоният дар онҳо нест.

Таассуби динӣ дар хама давру замонхо Шаркро аз рушду такомули фархангию иҷтимоӣ боздоштааст. Сабаби ҳамаи оқибмондагӣ ва ҷаҳолат таассубу нодонӣ будааст. Тассуби динӣ дар асрҳои миёна боис шудааст то аксари дастовардҳои илмии нобиғаҳои гузаштаи миллат аз қабили Фирдавсию Сино, Берунию Розӣ, Тусию Хайём ва садҳои дигар натовонистаанд, таъсири воқеии хешро дар пешрафти ҷомеа дошта бошанд. Аз тарафи дигар аксари нобиғаҳои зикршуда доим дар замони зиндагии хеш зери таҳвину таҳқири мутаасибони замони хеш қарор гирифтаанд, ки он сабаб шудааст то эшон ҳамеша дар ғурбату ҳиҷрат ба сар баранд ва имконияти фитрӣ ва зеҳнии хешро натавонистаанд, сарфи пешбурди рӯзгори мардум гардонанд. Ҳамин маъниро Ҳаким Хайёми Нишопурӣ зикр кардааст:

Чун нест дар аҳли ин замона фаҳме,

Гуфтан натавон ҳар он чӣ дар хотири мост.

 

   Дар замони муосир, ки илму техника ба суръати кайҳонӣ пеш меравад, ҷавонони моро зарур аст, ки пойбанди тассубзадагиву расму оинҳои хурофотӣ набошанд ва ҳадди аксар кушиш намоянд то ҳамқадами замон бошанду аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳӣ дошта, ҷаҳобинии хешро дар ин замина такмил диҳанд.

Дар шароити феълӣ моро зарур аст то масъалаи омўзишу парваришро дар ҷои аввал гузошта, имкониятҳои кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷомеа қарор диҳем. Дар ҷомеае, ки дар он ҳарфи як муллое ки чанд сатрро аз худ кардааст, аз сухани як устоду академик ё профессору номзади илм бартарӣ дошта бошад, онгоҳ мулло ҳамчун нимоди ҷомеа қарор гирифта, бо ҳарфҳои пучу хурофотии худ мағзҳои ҷавононро олудаву нопок месозад ва онҳоро аз ҷаҳобинии илмӣ маҳрум месозад, ки ин барои ҷомеа хатарафзо хоҳад буд.  Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон имрўз мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию беҳдоштиро танҳо аз рўи илм ҳал мекунанд. Дин бошад ҳамчун бовариву эътиқоди фард дар ин ҷомеаҳо ҷойгоҳ дорад на бештар аз он. 

Дар вазъияти феълӣ табақаи зиёии кишвар, ки аслан пешбурди ҷомеа бар души эшон аст, бояд худро дар канор нагирифта, якҷоя бо ниҳодҳои давлатӣ баҳри даври худ овардани мардум, бунёди ҷомеаи пешрафтаи озоди шаҳрвандӣ кўшиш кунанд, он гоҳ ин ҷомеа қодир мегардад худро аз таъсири андешаҳои ҷахолатситез ва таассуби динӣ ҳифз кунад, вагарна идомати чунин раванд метавонад бесуботиву ноамниро ба бор оварад.

 

                                                                                                                                                                 А. МАҶИДЗОДА

 

Ҳеҷ овозе нест