ВАБОИ АСР

Терроризм ва ифротгарои раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, он дар раванди пурпечутоби ҷаҳонишави реша давонда ба проблемаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар шароити замони ҳозира хатарҳо ва амалҳои номатлубе, ки аз тарафи ифротгароён ба амал меоянд аз ҳар гӯшаву канори дунё дарак медиҳанд. Онҳо аз шинохти арзишҳои инсонӣ дар ҳаёту зиндагӣ дур буда, амалҳои онҳо ба ягон дину оин рост намеояд.

Бинобар ин алайҳи чунин падидаи номатлуби ҷомеа муборизаи дастаҷамъи лозим аст. Албата нисбати мушкилии терроризм ва экстремизм дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Ҳарчанд як қатор созмонҳову ташкилотҳои байналхалқӣ  барои рафъи ин мушкилии ҷомеаи навин ва ё “вабои аср” талош варзанд, вале ҳанӯз ҳам ба таври кофӣ натавонистаанд, ки дар ин роҳ муваффақ бошанд. Бояд мо ҷавонон донем, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳастанд кишварҳо ва ё ташкилотҳое, ки аз пушти чунин падидаи номатлуб манфиат мегиранд ва тавассути гӯруҳҳои ифротии ташкил кардаашон ба худ манфиат ё фоида ба даст меоранд.

Яке аз иқдомҳое, ки онҳо пеш гирифтаанд ин ҳам бошад аз ҳисоби ҷавонон зиёд намудани сафи худ мебошад. Дар ин кор онҳо ҷавонон ва насли ҷавонро ба ҳар роҳу воситаҳо, тавассути таблиғу ташвиқ ба худ ҷалб менамоянд. Бояд гуфт, ки истифода намудан аз қувваи ҷавонон барои онҳо хело манфиатовар мебошад. Барои расидан ба чунин  мақсад бештар онҳо аз гуруҳи ҷавононе истифода менамоянд, ки дар худ мафкура ва ақидаи қаввӣ надоранд. 

Мавриди зикр аст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун падида то ба худ гирифтани чунин ном таърихи ба худ хос дошта, ҳанӯз аз солҳои 70-уми то солшумории мо дар сарзаминҳои Шарқи наздик ба вуҷуд омада фаъолият мекардааст. Ин падида бо гузашти солҳо инкишоф ёфта бо анҷом додани амалҳо манфиатҷӯёна ба гуруҳҳои манфиатхоҳ рушд кардааст ва дар асри ҷаҳонишавӣ ба мушкилии омма табдил ёфтааст. Терроризм асосан вобаста ба ҳадафҳояш ба ду қисм ҷудо мешавад.

Якум терроризми миллатгаро ин гуруҳ амалҳои ҷудоихоҳӣ ва ё ба ибораи дигар озодихоҳиро ҳадафи худ қарор додаанд. Дуюм терроризми диннӣ, ки бо мубориза бо оинҳо ва мазҳабҳову динҳои гуногун, яъне дар байни мазҳабҳо ва оинҳои як дин ва ё динҳои дигар овардани низоъҳо ва ё зидиятҳо мебошад. Ҳамаи амалҳое, ки онҳо анҷом медиҳанд маҳз аз ҳамин ду қисми тақсим караашон маншаъ мегирад.

Имрӯзҳо фаъолияти терроризм бештар дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Покистон, Нигерия, Сомалӣ ва Афғонистон доман паҳн кардааст, ки қариб ҳамарӯза дар ин кишварҳо амалҳои даҳшатбореро ба анҷом мерасонанд. Дар натиҷаи чунин кирдорҳо даҳњо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар баъзе кишварҳое, ки аз терроризму ифротгароӣ осеб мебинанд қаҳтию гӯруснагӣ ва якчанд бемориҳои сирояткунанда ба вуҷуд омада, ҷони чандин инсонҳоро рабудааст. Дар пайи ин амалҳо миллионҳо одамон  хонаю кошона ва Ватанашонро тарк карда, ҳамчун гуреза ҳиҷрат ва ба кишварҳои Аврупо ва Амрико рахт бастаанд, ки ин масъала албатта дар пеши созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар як чанд вазифаҳоро гузоштааст. Ҳамаи ин мушкилиҳоро терроризму эстремизм пеш овардааст.

Ҷумҳурии Тоқикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҷонибдори сулҳу ваҳдати башарӣ буда, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёмашон чунин гуфта буданд: “Тоҷикистони соҳибистиқол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.

            Имрӯзҳо дар Ватани азизи мо шароитҳои хуби илмомӯзи шинохти арзишҳои миллӣ мавҷуд мебошад. Вобаста ба ин, метавон гуфт, ки пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро танҳо метавон бо аз худнамудани дониш, мафкураи қаввӣ ва бедор кардани ҳисси худшиносии миллиро дар ботини ҷавонон гирифт. Асри XXI ин асри илму технология мебошад ҷавонон дар ин аср бояд ҳамқадами замонашон буда, аз илмҳои замонавӣ ба монанди технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ бархурдор бошанд. Зеро ки мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки баъзе аз ҷавонон аз нодони ва камсаводии худ ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд.

Барои гирифтани пеши роҳи гаравиши ҷавонон ба ин гуна ҳаракатҳо кори якҷояи ҳамаи ниҳодҳо дар кишвар зурӯр аст. Агар насли наврасро ба омӯзиши дониш ва арҷгузори ба арзишҳои миллиамон тарбия намоем, инчунин аз Қонуни Љумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” васеъ истифода ва онро ба пуррагӣ риоя намоем фикр мекунам, ки минбаъд насли наврас ва ҷавонони мо дар ҳақиқат ба муқаддасот ва истиқлолият арҷ мегузоранд ва аз Ватани азизи худ дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби ифротгароён дифоъ менамоянд.

Яъне, мақсади ин гуфтаҳо аз он иборат аст, ки нақши оила дар тарбияи тифл ва насли оянда бағоят бузург мебошад. Инчунин, нақши телевизион ва радио низ дар шиносонидани арзишҳои миллӣ хеле калон мебошад.Зиёини кишвар тавассути эҷоду амалашон тавассути ВАО ва асарҳои худ дар ташвиқи худшиносии миллӣ нақши бориз доранд.

Ҷавононро зарӯр аст, ки дар пешрафту шукуфои кишвари азизамон саҳмгузор бошем ва баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбубамон сина сипар намоем. Чигунае, ки Пешвои миллат гуфтааст: “Шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд”.

Бояд хотирасон шуд, ки кам нестанд ҷавононе, ки дар роҳи ҳимояи сулҳу суботи Ватани азизамон ҳамчун худшиносу худогоҳ ҷони худро дареғ намедоранд. Ингуна ҷавонон воқеан ҳам ифтихори миллат мебошанд. Ҷавонон бояд ба қадри озоди, сулҳу ваҳдат ва истиқлолият расида, арзишҳо ва муқаддасоти  давлатиро аз  худ намуда, бо онҳо ифтихор намоянд. Барои ҳифзи арзишҳои миллӣ суботу амнияти давлати худ талош намоянд.

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа   

Шарафзода Баҳром

Миёна: 6 (2 votes)